Ронандаи фирории “Лексус-350”-ро боздошт кардаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи мошинеро, ки рӯзи 22 май ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Б.Ғуломови шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Шамсӣ ба тарафи кӯчаи Федина, рӯбарӯи бозори маҳлаи 103 ноболиғи 8-соларо зер намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард, дастгир кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуда, мошини “Лексус-350”-ро як сокини 31-солаи шаҳри Душанбе идора мекардааст. “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ноболиғ дар пайи ин ҳодиса ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона бистарӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |