Бахшҳо

Тахриби беш аз 20 санги сари қабр дар Ревади Айнӣ

Дар рустои Ревади ноҳияи Айнӣ афроди номаълум даҳҳо санги сари қабристони гузари Куҳи болоро шикастаанд.

Сироҷиддин Шарофиддинов, як сокини деҳаи Ревад дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ашхоси ношинос 21 санги сари қабрҳоро бо путк пора кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ин амал аз сӯи кӣ ё киҳо ва бо кадом ҳадаф анҷом шудааст: “Ин воқеа чанд рӯз пеш рӯй додааст. Мардум ҳама аз ин кор ҳайрон аст”.

Оқои Шарофиддинов афзуд, мақомоти Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ аз ин қазия огоҳ аст ва омилони онро ҷустуҷӯ мекунад. Як корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ ҳам имрӯз, 23 май ба “Озодагон” гуфт, тафтишот дар ин замина идома дорад, аммо ҳоло ба ҳеч натиҷае нарасидаанд.

Як сокини дигари деҳаи Ревад ба “Озодагон” гуфт, ҳодисаи тахриби сангҳо рӯзи 19 май ба вуқӯъ пайваста, дар маҷмӯъ 25 санги мармарро пора кардаанд: “Инчунин дар қишлоқ шахси номаълум ба бомҳои мардум санг мепартояд, ки дар натича як чанд “шефир”-и хонаҳо шакаста аст”.

Гуфта мешавад, ин нахустин ҳодисаи шикастани сангҳои сари қабр дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мебошад.

Пора кардани санги сари қабр дар Тоҷикистон ҳодисаи нодире ҳам нест. Ахиран, панҷараи қабристони масеҳиёни Фархор аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд. Радиои "Озодӣ" дар аввоили моҳи январ хабар дод, ки афроди ношинос панҷара ва салибҳои фулузии рӯи гӯрҳоро дуздидаанд.
Мӯҳр
рост
Кори ягон салафи аст. Салафихо кучоеда ягон кабристон ё ягон ёдгорихои таърихи бошад ширк гуфта зада вайрон мекунанд. Бинед дар Сурияву Ирок чи кадар маконхои таърихии хазорсолахоро зада шикастанд.

айни
хамин як нохияи орому бе фанатикхои ислом доштем, хамонро хам чазир кардан.. Худоё и фанатикхооро решакан кун.

Комрон
Ин кор танхо аз давсти Дар дарихо меояд

salom
salom hamvatanon
rosti man ziddi in nav, korhoi takhrobi hastam vale! ammo! ki bo kadom maqsad mekunad dar inash hayronam! durust ast ki bar rui qabr chizhoi ziyodati nojoiz ast vale! ammo musalmoni oqil ba chunin safsataho kor namegirad chunki foida nadorad man hads mezanam ki in kor dasti khudi yo amniyat yo guruhhoi zidddi islom yo manfiatjuho hastand! hejgoh musalmoni oqil chunin korhoro namekunad!

Хонанда
Илтимос як маротиба манобеъи асосиро номбар кунед! То кай дузди?

Хайрият, ки боз хаму мурдахоя надуздиданд.

Мистер Х
Ман фикри шахсима мегум. Хамин ришоткаву сангхои вазнин ба ки даркор. Ма хамун марда????. Мурда мурд ТАМОМ. Танхо дар хакки у дуо хондан лозим. Дилтон намесузад чи хел хаму мурда у санги вазнина мебардора? Пеш аз хама аз назари Ислом ин кор нодуруст аст.

Озодагони муҳтарам хатҳои навиштаи маро гузоред, то инки Инсонҳо хонанд ташаккур ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)