Бахшҳо

Оҷонсӣ: Муовини раиси Кумитаи идораи замини Спитамен $15000 пора хостааст

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ, ин масъули идораи замин барои ҷудо кардани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрванд “А” 15000 доллар ба сифати пора талаб намуда, 13 май ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 7500 доллар дастгир мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ин мансабдор дар гузашта низ аз шаҳрвандон пора мегирифтааст: “Муайян карда шуд, ки номбурда пеш аз муовини раиси Кумитаи идораи замини Спитамен таъин гардиданаш, дар Корхонаи давлатии фаръии бақайдгии техникии ин ноҳияи ҳамчун директор фаъолият намуда, барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки он замон ба доираи ваколати хизматиаш дохил намешуд, ғайриқонуни амал намуда, шаҳрванд “Б”-ро ба гумроҳӣ оварда, аз ӯ барои иҷрои ин амалаш маблағи 25000 доллари ИМА талаб намуда, маблағи умумии 450 000 рубли русиро, ки дар таносуб бо доллари ИМА, 12 500 долларро ташкил медод, аз шаҳрванд “Б” гирифта, ягон амалеро иҷро накардааст”.

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати дастгиршуда бо моддаи 319 қисми 4, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
аптека
Ба Рохбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мухтарам Рустами Эмомали расониданием ва хохиш дорем,ки пеши рохи ришвагирони Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтиро хам гиранд,ки кормандони ин идора рузи дароз ба порагири машгул хастанд ва ба фаъолияти мо сохибкорон халал ворид мекунанд.

112
Ин тоифа аз хеч чиз наметарсанд аз ин мебарояд ки ин метод дигар чора надорад гирифтанда гирифти о кораша буд кун акалан.Каса намефахмад ки харруз ин е он нафарро мекапанд пас чаро ба дигарон дарси ибрат намешавад ки медонад?

Ба Аптека. То замоне, ки дар Точикистон чун дар Узбекситон сохаи фармасевти монополияи давлти нашавад, дар ин соха бехбуди намешавад. Хазорон нафар аз доруи бадсифат ва худсохт мемиранд, вале касеро ба чавобгари кашидан имкон надорад, зеро хеч кас имкон ташхиси теъдоди бехад зиеди дорувории воридшудаи дар таххоннахои давлатхои дигар барои Точикистон махсус истехсолшавандаро надолрад.
Аптекахоро хар руз проверка мекунанд, вале на барои мухофизати саломатии точикон, балки дарефти камбудихо ва ба ин васила ситондани порахои хангуфт. Инро дар Точикистон кудаки синфи 1 низ медонад, вале "не пойман не вор!.

рустамчон додарам аз аризахое, ки ба номат мебиеянд эхтиет шуда барраси кун, зеро аксараш "сведение счетов" бо дасти ту аст!
махсусан агар ягон коргар рохбарашро сиех кунад 1000% гарази шагси аст у е онхоро к черту послать кун!
баьд як катор бевахои шаттох хастанд, ки дар гузаштаю хозира чинояткор буда, нафароне, ки онхоро ба чавобгари кашидааст е кори онхоро ба танзими конкни даровардааст (аз хамкории харром бо онхо даст кашидааст) сиех мекунанд!
боки барори кор!аптека,

Софдил
Баъзе аптекчиёни бе инсофа хуб мекунанд. Сад дусад фоиз налажени ки монди ба воситаи генсел, андоз ва дигар сохторхо мебарояд. Ба амали худатон нигох карда баъд Акаи Рустама бзи кунен беинсофхо......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)