Бахшҳо

Э.Раҳмон: Ҷалби ҷавононро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ ҷавонони тоҷикро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик намуда, ба онҳо осмони соф, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар корҳояшон пирӯзиҳои нав ба нав орзу кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ҷавононро нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол хонда, аз донишомӯзии онҳо, аз ҷумла азхуд намудани илму донишҳои муосир ба хотири рушду тарақиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ намудааст. Ба иттилои дафтари матбуотии президент, раисиҷумҳури кишвар қайд намудааст, ки имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст: “Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Мо барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем. Бо ин мақсад пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома медиҳем. Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад. Ба қавли президент, истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастоварҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд ва таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан на танҳо ба мутахассисони баландихтисоси низомӣ, балки ба сарбозони ҷавони ҷасуру далер, бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва содиқ ба давлату миллат эҳтиёҷ дорем: “Мо дар ин масъала низ, пеш аз ҳама, ба шумо - ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати фарзандии худ низ сарбаландона мебароед. Асри ХХ1, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба нерӯи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, итминони комил дорад, ки ҷавонони ватандӯсти минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, “шубҳае нест, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, гиромидошт ва ҳифзи Ватан, миллат, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи куҳанбунёдамон ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияту осудагии Тоҷикистон минбаъд низ мароми зиндагии ҷавонони ватандӯсти мо хоҳад буд”.
Мӯҳр
нуриддин
БАЛЕ ЧАНОБИ ОЛИ МО ЧАВОНОН БАРОИ ХИФЗИ ВАТАНУ МИЛЛАТ ОМОДАЕМ, АММО ЯК МАСЪАЛА МОРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ, КИ БОИСИ НОРОЗИГИИ ЧАВОНОН ХУСУСАН МУСУЛМОНХОИ ТОЧИКИСТОН ШУДА ИСТОДААСТ- ИН МАСЪАЛАИ ХИЧОБ АСТ, КИ ЗАНИ МУСАЛМОНРО БО ХИЧОБ ДАР БОЗОРУ ДИГАР ЧОИ КОРИ ИЧОЗАТ НАМЕДИХАНД ВА ХОХАРИ МУСАЛМОНРО ДАР МАКТАБ НАМЕМОНАНД. АЗ ШУМО ХОХИШ МЕКУНАМ, КИ ИН МАСЪАЛАРО ЧИДДИ ФИКР НАМУДА, ИЧОЗАТИ ИСТИФОДАИ ХИЧОБРО ДАР ЧОйХОИ КОРИЮ МАКТАБХО ДИХЕД ЗЕРО ТАРАФДОРИИ ХАЛК АЗ ХУКУМАТ КАМ ШУДАИСТОДААС. ХУСУСАН ТАМОМИ МУСУЛМОНХО АЗ ИН КОНУНИ БАРОВАРДАИ ШУМО НОРОЗИЯНД.

РАЪНО
ЧАНОБИ ОЛИ МАН ХАМЧУН ЯК ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН ХАСТАМ ХАР ЯК БАРОМАДИ ШУМОРО ГУШ МЕКУНАМ ШУКРОНА МЕКУНЕМ ЧУНИН РОХБАРИ ОКИЛУ ДОНО ДОРЕМ . ХАЗОРОНБОР ШУКРОНА МЕКУНЕМ . ЧАНОБИ ОЛИ ШУМО ЧАВОНОНРО БА РОХИ РОСТ ХИДОЯТ МЕКУНЕН РАХМАТИ КАЛОН .ФАРЗАНДИ МАН ШАШ МОХ МЕШАВАД ДОНЕШГОХИ РОССИЯРО ТАМОМ КАРДА ОМАДАСТ ДОНИШИ ХУБ ДОРАД БО СЕ ЗАБОН ОЗОД ГАП МЕЗАНАД ЛОКЕН ТО ХОЛ ЯГОНЧО КОР НАМЕЁБАД БА ЧАНД ЧО МУРОЧИАТ МЕКУНАД ХОЛО ЧОИ КОР НЕСТ МЕГУЯНД БААДИ МУРОЧИАТИ ФАРЗАНДИ МАН БА ХАМОН КОРХОНАИ МУРОЧИАТ КАРДАИ ФАРЗАНДАМ ОДАМ КАБУЛ МЕКУНАНД КИ ТАМОМАН САВОДИ КОФИ НАДОРАН ЯЪНИ ТАГИ ВАЗНИН ДОРАНД . МАН БЕ ТАЪРИФ МЕГУЯМ КИ ФАРЗАНДАМ ДАР ХАКИКАТ ДОНИШ ХУБ ДОРАД АЗ ШУМО ЯК ХОХИШ ДОРАМ ФАРЗАНДАМРО БА КОР ТАЪМИН КУНЕН ,КИ БОЗ БА РОССИЯ МЕРАВАМ МЕГУЯД НАМЕХОХАМ ,КИ ДИГАР БА ШАХРИ МУСОФИРИ РАВАД .

Сочида
Апаи азиз мо хама занхо бо як мехнати халол фарзандонамонро мехононем локен баади хатми донишгох дар хеч чой кор намеёбанд .Фарзанди манхам ба чанд муассисахо сар халонд чои кор нест меган Писари манхам Донишгох тамом кардаги ду сол мешавад диплом дар таги сар мондаги худаш дар шахри руссия марди кори дорад . МО АЗ ЧАНОБИ ОЛИ ХОХИШ МЕНАМОЕМ БА СИНИ ФАРЗАНДХОИ КАМБАГАЛХАМ ЯК НИГОХ КУНАНД САВОБИ БИСЁРА МЕГИРАД . ФАРЗАНДХОИ МОРО ГАМГОРИ КУНЕН ЧАНОБИ ОЛИ

Модар
Аппахои Азизу мехрубон аввал фарзандони калонхо то онхо тамом мешаванд, ки фарзандони ману Шумо ба нафака мебароянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)