Абдулқодирзода гуфт, барои чӣ корбари шабакаҳои иҷтимоӣ несту расонаҳоро намехонад
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз бадгӯии бархе сокинон дар ҳаққи имомони масоҷиди кишвар шадидан ибрози нигаронӣ кард.
Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 22 май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, аз пушти имом намозро хонда дар саҳни масҷид ӯро ғайбат мекунад: “Дидӣ? Имом чи хел хато хонду чӣ ғалат кард ва чӣ гуфт?!”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз сокинони кишвар даъват кард, дар мавриди хатову ғалати ҳар имоме агар ҳарфе доранд, омада рӯйи росту ошкоро бигӯянд: “Ҷуръат намекунад, дар ҳузураш гӯяду дар пинҳонӣ мисли зан баъд аз пушт мегӯяд. Агар муъмини комил аст, ояду ошкоро бигӯяд, домулло дар ҳаққи Шумо чунин ҳарфҳо мегӯянду Шумо чӣ назар доред?”
Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз шеваи баҳсу мунозараҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ибрози ташвиш карда, далели аслии ҳузур надоштани худ дар ин майдони маҷозиро ба он рабт дод: “Ин гуна баҳсҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ одат ё ба истилоҳ “муд” шудааст. Чунон суханҳо мегӯянд, ки ... барои ҳамин ман нигоҳ намекунам. Агар як саҳифаи онҳоро бихонӣ як ё чанд рӯз ба худ намеойӣ. Дар онҳо на инсоф асту на худотарсию на ҳақгӯӣ. Ҳар чизе дар даҳонаш ояд, мегӯянд”.
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон ин гуна баҳсҳоро кори дасти нафароне хонд, ки гӯиё қасди барҳам задани оромию суботи ҷомеаро доранд.
Ин ҳарфҳо аз сӯи Абдулқодирзода дар ҳоле садо медиҳанд, ки вақтҳои охир дар нашрияву расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти ӯ зиёд интиқод мешавад. Бештари вақт Абдулқодирзода ва зертобеонаш дар он муттаҳам мешаванд, ки гӯиё ба ҳамагуна маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон чашм мепӯшанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |