Аммо мақолаи Т. Розиқов- "Парасту-2011" оғоз дошту анҷом не... Чаро? Ном ва ҷумлаҳои аввали мақола маро дар ҳайрат гузошт. Кадом оғоз ...? Чӣ гуна тантана...? Оё ҷашнвора барномаи ифтитоҳӣ дошт...? Таҳлили намоишҳо бароям хеле ҷолиб буд. Тасмим гирифтам нисбат ба баъзе ақидаҳои муаллиф ва таҳлили баъзе намоишҳо, ки дар васфи ҳақиқати ҳунар ва истеъдоди асил бештар сухан меравад, андешаҳои худро иброз намоям. Т. Розиқов навиштаанд, ки "Ҷашнвора бо намоиши С. Улуғзода "Рӯдакӣ" оғоз ёфт, ки дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна озмунҳои фарҳангии башар мебошад. Ин намоишро дар кадом кунҷу канори дунё, ки намоиш диҳанд баҳои баланд хоҳад гирифт, чунки ин сирф меҳнати коллективонаи театр ва коргардони он ҳунарпешаи халқии собиқ СССР сазовори.....Ҳошим Гадоев мебошад". Ин аст таҳлили ҳирфаии намоиш аз тарафи шахсе, ки умри худро ба ин касб бахшидааст ва барои ояндаи театри тоҷик мутахассис тайёр мекунад. Ба андешаи банда обрӯи ҳунарии устод Ҳ. Гадо имрӯз ҳеч ниёз ба тамаллуқ ё таърифу интиқоди сохтаи мо надорад. Бо танқиди намоиши "Рӯдакӣ" ҳеч гоҳ обрӯи намоиши олии "Шоҳ Эдип" поён нахоҳад шуд. Ҳардуро Ҳошим Гадо таҳия кардааст ва ҳарду намоишро ҳунарпешаҳои театри академии ба номи А. Лоҳутӣ иҷро кардаанд. Лекин ба қавли шоир "Он куҷову ин куҷо". Устод Ҳ. Гадо мисли ҳама инсонҳо аз хато ва камбудӣ орӣ нест. Баъдан ҳаст ҳақиқате, ки аз ҳама болост, ҳақиқате, ки ҳунару ҷомеаро ба зиндагии аслӣ мебарад. Ба андешаи банда камбуди асосии намоиш ин драматургия буд. Асари замони шӯравӣ буд, ки дар таҳти ақидаи "реализми сосиалистӣ" навишта шудааст. Яъне табақаи боло бад, поён хуб. Ба инсону шахсияти ӯ коре надошт. Имрӯз маҳаки рамзи давлатдорӣ ва ифтихори тоҷикон аз давраи сомониён аст ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ зиёратгоҳи мост ва пули худро ба номи ин сулола гузоштем. Торихнависон давраи сомониёнро "Эҳёи Аҷам" ном бурданд ва исбот карданд, ки як муддат рушди илму фарҳанг, дину давлатдорӣ хоси ин давра буд. Ҳамин буд, ки ин давра Рӯдакиву Анварӣ ва Дақиқиву Фирдавсиҳоро ба дунё овард. Дар намоиши "Рӯдакӣ" ҷабру зулму бедодӣ ва беадолатии замона қариб аз оғоз то анҷом дида мешавад. Пас, кӣ ҳақ аст, олимони торихнавис ё намоиши "Рӯдакӣ". Баъзан аз мантиқи баъзе саҳнаҳо дар ҳайрат мемонӣ. Амири Сомонӣ аз таъсири шеъри бадоҳатан гуфтаи Рӯдакӣ "Бӯи ҷӯи мӯлиён" ба ваҷд омада дар як пой мӯза ба Бухоро мешитобад. Ҳамон лаҳза дар пеши чашми бинанда саҳнаи баъдӣ рух медиҳад ва вазир Балъамӣ бо дарду алам ба Рӯдакӣ мефаҳмонад, ки меҳмонҳо аз Чину Ҳинду Араб омадаанд ва 12 нафар шоири дарбор чанд вақт аст наметавонанд қасидаи арзандае эъҷод кунанд ва аз ғусса намедонад чӣ кор кунанд. Бинанда дар ҳайрат аст, ки саҳнаи пеш ин мӯъҷизаро Рӯдакӣ иҷро карда буд, намешавад гуфт: Рӯдакӣ он мӯъҷизае, ки дар Ҳирот кардӣ инҷо такрор бикун. Ва ё дар пеши назари бинанда Рӯдакӣ аз ҷавони зебо ба пири миёнхамида мубаддал мегардаду баъзе қаҳрамонҳои асосӣ, ки солашон аз Рӯдакӣ хеле боло буд, қариб ки сураташон дигар намешавад. Шакли намоиш то ҷое нофаҳмост: асари реалии торихист, ё рамзию бадеист. Андешаҳои Розиқов перомуни намоиши "Дурахши ахтарон" коргардон Умед Хусравов аз театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назаров ҳам хеле ҷолиб буд, ба хусус интиҳояш. Умедро ҳамчун ҳунарпешаи асил мешиносам. Саҳл нест дар шароити имрӯза дар театрҳои музофот ба эҷод машғул будан. Аммо ҷилои ҳунарии Умед ва театр ба андешаи банда дар намоишҳои ҷашнвораҳои қаблӣ хеле рӯшантар буд. Бигирем намоиши "Даври орифин"-ро аз ашъори Мавлавии Балхӣ, ки композисияи ҳунарӣ-мусиқии хеле ҷолиб буд. Гузариши саҳнаҳо, суръат, рақсу мусиқӣ, иҷро, чӣ аз назари коргардонӣ ва чи ҳунарӣ хеле диданӣ буд. Як рақси ҳунарпеша Ҷобиршо Хубоншоев ба андешаи ман баҳои чандин ҷоизаҳоро дошт. Бо ҳама масъулият наметавонам "Дурахши ахтарон"-ро дар бари ин намоиш гузорам. Камбудии асосӣ дар "Дурахши ахтарон" ин набудани драматургия буд. Гузариш ба саҳнаҳоро ҳам коргардон метавонист ҷаззобтар ва аз назари коргардонӣ пуршиддатар гузорад, шояд аз кам кардани вақт бурд мекард. Таркиби намоиш камрангу дилгиркунанда буд. Бадеият кам ба чашм мерасид. Фикр кардам, ки агар нафаре дар саҳна мисли ҳунари наққолӣ асарро мехонд, шояд хубтар мебуд. Дарде, ки дар намоиш буд, метавонистам аз хондани асар бигирам. Намоиш бештар ба филмҳои мустанади торихӣ монанд буд, ки суръат, ҷаззобият ва бадеияташ хеле кам буд. Агар рафту асари "Таърихи табартақсим "-ро дар саҳна гузорем ва бинанда аз хондани асар бештар мутаассир шавад, пас ин бохти намоиш ва театр аст. Маълум, ки маҳдудиятҳои барномаи ҷашнвораи имсола таъсири худро ба эҷодкорон то ҷое гузошт! Бо вуҷуд умедам аз Умеди эҷодкор бузург аст.
Дар масъалаи намоиши театри мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара "Бо як гул ҳам баҳор мешавад" ба мавзӯи доғи рӯз ва ҷуръати театр, ки андешаи Т. Розиқов аст, ҳамовозам. Аммо мо ҳунармандон муваззафем намоишро аз назари ҳунари ҳирфаӣ ва бадеияти он таҳлил бикунем. Намоишнома дар сабки замони шӯравӣ навишта шудааст. Яъне хуби хуб ё бади бад. Бинанда аз оғози намоиш медонад, ки анҷом чи гуна аст. Ҳар инсон дорои камбудӣ ё хатоест, дар андешаи худ лағжишу дудилагиҳо дорад, баъзан кореро анҷом медиҳад, ки баъдан худаш дар ҳайрат меафтад. Таркиби асар ва ҳам нақшро бештар ҳамин таззодҳо рангин мекунанд. Дар нақши асосӣ ҳам ҳамин қолаби якрангӣ бештар дида мешуд ва ҳунарпеша ночор ин қолаби сохташударо иҷро мекард. Аслан бо як гул ҳеч гоҳ баҳор намешавад. Баҳор бо гулҳои рангорангу сабзаву себарга ва дарахтони сабзу обҳои ҷорӣ баҳор аст. Мешуд, ки таркиби ин асари таблиғотиро мисли баҳор рангину зебо кард, то ки намоиш на фақат бо як мавзӯъ, балки бо ҳама рукнҳои ҳунари намоишӣ боз ҳам ҷаззобу зебо ва диданӣ шавад. Аслан нафаҳмидам ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро Т. Розиқов ба ҳунарпешаи ҷавону умедбахш барои иҷрои "асли симои касе" (ба қавли худашон) сазовор донистаанд, ё барои ҳунари иҷрогарӣ?
Намоиши "Писари Худо", ки дар театри академии ба номи А.Лоҳутӣ гузошта шуд, ба андешаи ман то ҷое дар сохт ва шакл як тобиши зебое дар фазои театри Тоҷикистон буд. Намоиш шаклан хеле ҷаззоб буд. Ба андешаи банда Қурбон Собир, коргардони намоиш,бештар таваҷӯҳ ба ҷаззобияти зоҳир ва шакли намоиш намудааст. Агар байни саҳнаҳое, ки тез иваз мешаванд,ҷо -ҷо фосила ё саҳнаҳо бо ёрии нур, ё мусиқӣ, ё иҷро мебуд, ки ба қалби бинанда нохун мезад, намоиш боз ҳам ҷаззобтар мешуд. Ҳайф аст, ки дар пеши чашми тамошогар 114 бародари худро қаҳрамони асосӣ (ҳатто кӯдаки гаҳвораро) мекушаду тамошочӣ имконияти ҳаллу ҳазм кардани ин даҳшат ё ҳамдард будан қариб, ки надорад, чунки тез-тез иваз шудани саҳнаҳо имконият намедиҳад. Шахсе, ки 114 бародари ҳамхуни худро мекушад, чи гуна бояд бошад..? Дақиқ мисли ҳама не...бояд тамошогар инро медид, то ҳисиёту қалби ӯ бо намоиш ҷӯр мешуд. Бо вуҷуд асар дар сафи беҳтарин намоишҳои ҷашнвора меистад.
Ба андешаи ман дар намоиши "Зардушт"-и театри тамошогари ҷавони ба номи М.Қосимов нуқси асосӣ (бар хилофи ақидаи Розиқов) дар иҷро буд. Ҳунарпешаҳо бештар ба шакл, ба иҷрои зоҳирии қолаби пешниҳодшуда машғул буданд, ба ҷуз ҳунари волои Сабоҳат Қосимова. 10-15 дақиқаи аввали намоиш ҷаззобият дошт, лек аз он баъд суръати намоиш ба поён мерафт, ки он ҳам нуқс дар иҷро ва набудани дасти коргардон буд. Иҷрокунандаи нақши Зардушт ҳам аслан банди зебогии зоҳирӣ буд. Ҳаракатҳои ба рақс монандро иҷро мекард, ки ҳеч хоси паёмбарон набояд бошад.
Андешаҳои Розиқов перомуни намоиши "Шабе дур аз ватан"ҳам хеле ҷолиб аст. Ҳайф, ки қазовати эшон нисбат ба ин намоиш танҳо дар маҳдудияти ҷойи нишаст аст. Яъне бохти намоиш ин дар 150 ҷойи нишаст ва "тахтаи қоқ". Ба қавли эшон -"Вазифаи муқаддаси Театри давлатии Ҷавонон танҳо дар мавзӯи ҷавониву ҷавонон намоиши ҷолиб рӯи саҳна овардан аст". Хуб мешуд агар мегуфтанд, ки имрӯз чанд фоизи театри Ҷавононро насли ҷавон ташкил мекунад ва чи имкониятҳои эҷодӣ барои онҳо муҳайёст..?. Дар бораи намоиш наметавонам зиёд андешаронӣ кунам, зеро иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин намоишам. Лек бо вуҷуд, баъзе ҳарфҳоро, ки ногуфтанаш ба қавле ҳайф аст, бояд бигӯям. Ҳар амал ва сухан бояд каме инсоф, ҳақиқату мардонагӣ дошта бошад. Ҷои нишаст:- ба ин шакл пешниҳоди муаллиф ва коргардони намоиш Нозим Меликов буд, ки ҳама мувофиқ будем. Бояд бигӯям, ки аз кори Нозим хеле розиям, намоиш бо тамоми ҷузъиёташ дар андешаи ӯ аз оғоз то анҷом пухта расида буд. Шакли намоиш бояд, ки камеравӣ мебуд. Чунки тамоми маводи додашуда ба ҳамин шакл ҳидоят мекард. Қаҳрамонҳо бештар бо рӯё, бо худу қалби худ, ёдҳои ширину дардҳои маҳрамонаи худ дар сӯҳбатанд. Эҷодкори асил бояд дарк мекард, ки дигар шакл барои ин намоиш гум шудани ҷаззобияти он мебошад. Намешавад, ки ҳама чизро дар як қолаби шахшуда гузошт.
Дар масъалаи иҷро хоҳиш мекунам як маротиба ҳамчун ҳунарпешаи пуртаҷриба андеша кунанд ва ё дар амал бисанҷанд, ки чи гуна 1соату 15 дақиқа дар саҳнаи холӣ бо як кати хоб, ду нафар метавонанд бо забони шеър, дар назди чашми тамошочие, ки дами нафасаш ба ту мерасаду аз ту ба вай, дар саҳнае, ки як лаҳза вақти дамгирӣ ё дурӯғ гуфтан надорӣ, иҷро дошта бошӣ ва метавонӣ тамошогарро то ҷое мутаассир ҳам кунӣ..., шояд ақидаашон тағйир ёбад.
Бадбахтона имконияти дидани ҳамаи намоишҳои ҷашнвораро надоштам. Агар муаллифи мақола ҳунарпешаи пуртаҷриба ба хусус омӯзгори донишкадаи ҳунар, ягона манбаи тайёр кардани мутахасиси театрӣ намебуданд, шояд мисли мақолаҳои қаблӣ ҷавобе наменавиштам. Дар баъзе таҳлилу масъалагузории эшон ангушти ҳайрат мегазидам, ки чи гуна шахсе, ки умри худро ба ин касб бахшидааст, ин гуна қазоват мекунад. "Бузургии намоиши"Рӯдакӣ"дар дастаҷамъона будани коллективи театр ва коргардонии устод Ҳ.Гадо аст". Ин аст таҳлили намоиш аз ҷониби устоди театр. Дар таҳлили намоиши дигар -"Хатогиҳо зиёд буданд, аммо бурдбориҳо зиёдтар, меҳнати ҳалол қадрдонӣ нашуд".... Кадом хатогӣ... ? Кадом бурдборӣ...? (Дар зимн бурдборӣ маънои бурдро надорад, балки сабру таҳаммул ва тоқат кардан аст.) Чи гуна меҳнати ҳалол...? Чаро хуб...? Чаро бад...? Хуллас суханҳои умумие, ки ба сари ҳар намоише хоҳӣ, бор мекунӣ! Дар бораи намоиши "Дурахши ахтарон" ҳеч нафаҳмидам, ки бурду хубии намоиш дар чист? Танҳо ба хотире, ки дар бораи каҳрамони халқи тоҷик Шириншо Шотемур аст ин асар? Ба вижа ҷумлаи охир -"Ба гумонам ин театр дигар дар чунин фестивал-озмунҳо ширкат наварзад ҳам ҳақ дорад",- маро хеле мутаассир кард. Ин чӣ даъват аст...? Мехоҳед ҳунармандонро аз он, ки дар ду ё чаҳор сол як бор ба дидори ҳам мерасанд ва кӣ ва чӣ будани худу ҳунари худро нишон медиҳанд, маҳрум созед? Умед дорам ҳунарпешаҳои театри Хоруғ ба ин таърифу даъвати эшон ва андешаҳои банда аз рӯи хирад ва ҳунари асил баҳо хоҳанд дод. Ман намегӯям, ки андешаҳои ҷолиб дар мақола нест. Мумкин нест, ки бо ин таҷрибаи корӣ фикри хубе иброз накунӣ. Аммо манзури ман чи гунагии ибрози ин андешаҳост. Нисбат ба намоиши"Бо як гул баҳор мешавад"ҳам ақидаҳо ҷолибанд. Аслан тамаллуқ зеби марди фарҳангӣ нест! Аз шӯравӣ одати бадтарин, ки ба мо мерос монд ва боиси аз байн рафтани давлати абарқудрати шӯравӣ ҳам шуд, ҳамин тамаллуқ ва дурӯғ буд! Шахсони бузург ё мансабдор ҳеч ниёз ба таърифу тамаллуқи мо надоранд. Онҳо ҳам мисли мо одаманд ва хуб медонанд, ки ин ҳама баҳри чист..! Ба ҷуз рехтани обрӯ ва манзалати инсонӣ, дигар чизе бурд намекунем. Хушбахтона қариб ҳамаи намоишҳои ҷашнвораи "Парасту-2011" дар телевизионҳои ҷумҳурӣ ба навор гирифта шудаанд.
Дар поён баргардем ба таҳлили намоиши "Шабе дур аз ватан". Ҳатто барои он ҳам, ки ин намоиши театре буд, ки Т.Розиқов дар он айни ҳол фаъолият мекунанд. Мо ҳунарпешаҳо гуноҳ надорем, ки эшон ба ҷуз маҳдудияти ҷои нишаст ва тахтаи қоқ дигар чизеро аз намоиш надидаанд. Дар зимн ёдрас мешавем, ки дар ҷашнвораи "Наврӯз"баъди намоиш садои "Браво"ба гӯш расид, ки ҳунарпешаҳои қирғиз садо мекарданд ва якешон ҳунарпешаи зан бо чашмони пури ашк моро табрик кард. Ҳунарпешаи туркман бо исрор хоҳиш мекард, ки агар асар ба забони русӣ тарҷума шуда бошад ҳатман ба ӯ диҳем. Ҳунарпешаи Афғонистон бошад таи чанд рӯзе, ки ин ҷо буд, ҳар рӯзе маро медид, бо меҳр ба оғӯш мегирифт. Натиҷаи ҳамин муҳаббат буд, ки намоишро охири моҳи сентябр ба ҷашнвораи театрии шаҳри Кобул даъват карданд. Шояд гуноҳи мо набошад, ки ба қалби қирғизу туркман ва афғонистонӣ таъсире гузоштему ба қалби ҳамватану ҳамкори худ не...!
Дар мақола муаллиф нигаронӣ аз он кардаанд, ки ба аксар иштирокчиҳои ҷашнвора ҷоиза дода нашуд. Ин ақида манша аз амали солҳои охири вазорати фарҳанг мегирад. Дар ҳама ҷашнвораҳои дунё қариб як намуди супоридани ҷоиза мавҷуд аст: Шоҳҷоиза, ҷоизаи-беҳтарин коргардон, беҳтарин нақши мардона ва занона, беҳтарин расом, мусиқӣ, нақши яклаҳзаина(эпизод)ва баъзе ҷоиза вобаста ба маблағ ё ҳолати додашуда. Дар худамон тақсимот ғайри муқаррарӣ, мисли тақсими мерос шудааст, барои он, ки касеро "хафа"накунанд... Аз вазорати фарҳанг хоҳиш мекунам аз ин баъд ба ин кор хотима гузоранд. Шояд натиҷаи ҳамин амал бошад, ки имрӯз ба қавле "Қурбоқа ҳам баробари асп пояшро барои наъл задан дароз мекунад". Соли 2008 дар ҷашнвораи театрии "Арт-Ордо"бахшида ба 80-солагии Ч.Айтматов дар шаҳри Бишкек аз 9-номгӯи ҷоиза 5-тоашро мо тоҷикон бо намоиши "Як рӯзи дарозтар аз аср" соҳиб шудем ва давлат ё театре аз ин амал наранҷид. Чаро мо ин корро агар арзанда бошад иҷро накунем? Ин амал барои рушди ҳунари асил беҳтарин кӯмак аст. Аз вазорати фарҳанг хоҳиш дорам, ки дар оянда силсилаи таҳлилҳои баъдинамоиширо эҳё кунад. Медонам, ки яке аз сабабҳои манъ шудани ин анъанаи хуб, то ҷое худи мо ҳунарпешаҳо будем. Баъзе коргардону ҳунарпешаҳо бадбахтона тоби шунидани камбудиву хатоӣ надоштанд ва бо дуруштиву суханони носазо ба таҳлилкунандагон дар меафтоданд. Ё сафи таҳлилҳои дурӯғин ва "ҳадафмандона" хеле зиёд шуда буд. Медонам, ки баъди аз ҳад гузаштани ин корҳо вазорат ин амалро анҷом дод. Лекин ба андешаи банда набояд ин кор мешуд. Хоҳиш мекунам ин анъанаро эҳё кунед. Мунаққид аз модар таваллуд намешавад. Ба пешниҳоди Т.Розиқов дар бораи аз байн бурдани риштаи озмун ва ҷоизаҳо куллан розӣ нестам. Он давлатҳое, ки ҷашнвораҳои бидуни озмун доранд, дар баробари ин чандин ҷашвораозмунҳо доранд. Мо ҳам мисли варзишгарем. Аз 20-нафар гӯштигир яке қаҳрамон мешавад, оне ки ҳунар дорад. Ягона имконияти ҳавасмандию қувваозмоии ҳунарпешаҳои асилро барҳам назанед! Муҳтавои мақола аслан нигоҳи зоҳирона ба намоишҳо мебошад. Андешаронӣ ҳам қолабӣ, ақидаҳои шахшудаи 40-50 соли пеш аст.Бадбахтона ин дард имрӯз хеле ривоҷ ёфтааст. Бисёр намоишҳо сурат доранду бас. Мантиқу маънӣ, дарди воқеӣ ҷои худро ба шакли зоҳирӣ, сохтакорӣ ва қолабҳои кӯҳнаи аз зиндагии воқеӣ дуршуда гузоштааст. Баъзеҳо баъди намоиши "Шабе дур аз ватан"дар ман шахсияти устод Бозор Собирро меҷустанд. Магар ман метавонам Б.Собир бошам...? Ки мегӯяд, ки Б.Собир чи қадар ватан ё маҳбубаашро дӯст медорад...? Ин хандаовар аст. Қалби Б.Собирро фақат худу Худояш медонад. Мо ба ашъори устод кор дорем. Мо дар он ашъор роҳи имрӯзи худу ҷомеаи худро меҷӯем то ки ба дарди мову бинандаи мо бихурад. Шахсияти Б.Собирро дӯст доштан ё надоштан ақидаи шахсии ҳар шаҳванд аст, лек дӯст доштани Ватан рисолати аввалини ҳар ватандор аст, ки муҳтавои асосии намоиши мо ин аст. Устод Фаррух Қосим"Даҷҷол"-ро аз рӯи ашъори Мавлонои Балхӣ гузошт. Пас мо бояд даъво кунем, ки Мавлоно Даҷҷол нест...?! Ин ақидаҳо аз замони шӯравӣ мерос монда аст. Яъне нақши Ленин зоҳиран қариб дар ҳама ҷой як хел, бояд вай дар ҳама ҳолат хуб бошад, дод назанад, ҳалиму меҳрубон бошад. Коммунист бояд хуб бошад, шахси камбағал агар даъво кунад, ё ҳақ гӯяд, бояд ҳатман инқилобчӣ бошад, сарватманд ҳатман бад аст...! Ин ақида бадбахтона дар вақти кор ва таҳлили имтиҳонҳои донишкада низ дида мешавад.
А. Шарифӣ, ҳунарпешаи театр{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |