Убайдуллоева ғолиби озмуни “Маликаи соли 2015”
Мавзуна Убайдуллоева, донишҷўи соли сеюми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мақоми аввали озмуни “Маликаи соли 2015”-ро ба худ ихтисос дод. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ин донишгоҳ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо ташаббуси шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии маркази вилояти Суғд дар доираи як моҳи ҷавонӣ баргузор шудааст: “Намоиши либоси миллӣ ва худмуаррифӣ, намоиши либоси ҳаррӯза, изҳори муҳаббат (модар, ватан, маъшуқ), намоиши либосӣ базмӣ, истеъдод (рақс, суруд, шеър) намоиши либоси арӯсӣ шартҳои асосии озмун буданд”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин озмун ҷои дувумро Ёсуман Аҳмадова, донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи ДДХ соҳиб шуд.
Озмуни "Маликаи сол" дар Хуҷанд ҳамасола баргузор мешавад. Имсол он бори 20-ум баргузор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |