Емеляненко ба мулоқоти таъиншуда бо журналистони тоҷик наомад

Фёдор Емеляненко, президенти Иттиҳодияи якҳарбаи омехта, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, ба мулоқоти таъиншудааш бо рӯзноманигорони тоҷик ҳозир нашуд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз қавли масъулини баргузории ин мулоқот иттилоъ дод, Емеляненко ба далели боздидаш аз пойгоҳи низомии 201-и Русия ва вохӯрияш бо масъулини сафорати кишвараш дар Тоҷикистон мулоқот бо рӯзноманигорони тоҷикро аз барномааш лағв кардааст. Ин мулоқот соати 12:00-и 22-юми май дар ошёнаи 13-уми Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” дар назар буд ва журналистони зиёди тоҷик аз матбуот, радио ва телевизионҳои давлатию хусусии кишвар ба он ҳозир омаданд.
Фёдор Емеляненко бо мақсади иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба якҳарбаи омехта, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, вориди Тоҷикистон шудааст. Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 22-25-уми май дар қасри варзишии “20 солагии истиқлолият” баргузор мешавад, Тоҷикистонро -- Артур Одилбеков, Маҳмадулло Искандаров, Муборакшо Муборакшоев ва Азим Гулобов намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки варзишгарони кишварҳои Қазоқистон, Корея, Узбакистон, Кирғизистон, Русия, Озарбойҷон ва Эрон дар ин сабқат ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |