Бахшҳо

Шарҳи Кумитаи дин перомуни гарон будани сафари ҳаҷ барои тоҷикистониҳо

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе далели гарон будани нархи сафари ҳаҷ дар кишварро нисбат ба Қирғизистон шарҳ додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, сабаби аслии гарон будани нархи сафари ҳаҷ барои зоирини тоҷик ин аст, ки онҳо дар меҳмонхонаҳои барҳавои Арабистони Саудӣ иқомат карда, аз хидматрасониҳои сатҳи баланд баҳраваранд.

Дар иттилоияи кумита таъкид шудааст, онҳо даҳ соли пеш аз хидматрасониҳои хайриявӣ даст кашида, аз хидматрасониҳое истифода доранд, ки дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркияву Эрон, Русияву Қазоқистон ва Озарбойҷон аст.

Масъулини Кумитаи дин иқрор кардаанд, ҳамтоёни қирғизи онҳо воқеан ҳам тули чанд соли охир бо нархи арзонтаре сокинони худро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристанд: “Қимати имсолаи сафари ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2550 долларро ташкил медиҳад ва он нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтарин маҳсуб мешавад. Зеро ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 км дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд”.

Ин дар ҳолест, ки ба иддаои масъулини Ситоди ҳаҷҷи Кумитаи дин зоирини тоҷик дар маросими Ҳаҷ дар меҳмонсаройҳои барҳавои шаҳри Маккаву Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ иқомат мекунанд: “Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат менамуданд ва ин раванд идома дорад”.

Дар иттилоия сабаби дигари арзон будани сафари ҳаҷ барои зоирини қирғиз гарон набудани нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар ва иҷро шудани қурбонӣ аз ҳисоби маблағи иловагии ҳар яки онҳо арзёбӣ мешавад: “Агар ҳоҷиёни қирғиз на аз ҳисоби маблағи умумии пардохтнамудаашон, балки иловатан аз ҳисоби худ қурбониро анҷом диҳанд, адои қурбонии ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи Бонки исломии рушд аз ҳисоби маблағи умумӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист, ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад”.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Пардохти маблағи ҳаҷҷи соли гузашта дар соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92дирамро ташкил медод ва ба қавли мақомот ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо.

Дар ҳоле ки нархи сафари ҳаҷҷи имсола аз Кумитаи дин расман эълон нашудаасту бархе аз сокинон онро ҳудуди 23 то 24 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунанд, дар Қирғизистон нархи сафари ҳаҷ 2 ҳазору 550 доллар эълон шудааст.
Мӯҳр
усмон
Кумитай дин чаро нарзи моро намегуед расман чанд аст ?

1
1000 доллар тафовут байни ин ду кишвари осиёи марказӣ???

.
Ягон бовари ба кумитаи дин намонд. Киргтзхо хам шароиташон мисли точикхо аст. Просто Киргизистон давлати демократи аст ва хама чиз он чо шаффоф аст.

Just Man
Тафовути дигар кишвархо нисбат ба Мо дар он аст, ки Онхо Хач - бизнес нестанд. Арзиши Хачро факат дар масорифи Хочиен сарф мекунанд, аммо Кумитаи раксу бозй ва .... пеш аз хама манфити худро дида сипвс нархномаро мегузоранд. Шиорашоон бигзор (Дег чушаду- Гур сузад)

Музди маоши миёнаи Киргизхо 150 долл. аз Точикон 400 сомони. хочиёни мо дар люкс зиндаги мекардаанду Киргизхо дар чойхои начандон хуб ин хандовари аст. Аз хайрия ягон кас дар ягон чои дунё даст накашидааст ин факат Хочиёни моро хайри мачбуриашон зиёд шудааст тамом.

Бандаи Худо
Бовар кунед бародарон аз ин хел тахлилгарон хаста шудем аллакай. Бовар кунед ХЕЧ ЯГОН ШАХС ДАР ФИКРИ МАРДУМ НЕСТ. ХАМА ДАР ФИКРИ МАНФИАТИ ШАХСИАШ АСТ, Ин тахлили кардагии кумитаи дин конеъкунандаи 1000 доллари фаркияти байни пулли хачи Точикистон ва Киргизистон нест охир. Агар 200 доллар мешуд мо бовар мекардем тахлили кумитаро. БАС АСТ ОХИР.

Озодогон аз шумо хохиш мекунам аз хочиёни соли гузашта пурсед чи азобе доштанд арзонтарин таом биринчи обпаз медоданд масулони кумитаи дин чанд шиносам рафтабуд мегуянд як таомхое медиханд ки умуман кобили хурдан нест мардум бисёраш аз хисоби худаш таом мехурданд дуюм пули курбони хамаги сад долар аст. Сеюм дар гармои сахро вакти хач аз спхар як сок медиханд сари харнафар ки тамоман кофи нест бояд хамаичоро пули сок кунанд то касе дилаш хост гирифта нушад. Чорум инки магар маоши точикон мисли туркхову казокхову русхо аст ки шумо хочиёнро дар гасницахои гарон арзищ чой мекунед? Дар ин фоидаи шахсиатон хаст ки онхоро мебаред гасница 50 долар бошад мисол шумо садолари хисоб мекунед. Чаро аз чамъиятхои хайрия даст кашидед? Чун наметавонед аз хочиён дар ин сурат пул коркунед. Боваркунед бадтарин хизматрасониро доранд ин кумитаи дини мо аммо дарвакти пулгири аз хама зиёд мегиранд аз шумо хохиш мекунем озодогон аз хочиёни соли гузашта пурсед. Кумитаи дин дуруг мегуяд хочихои мо бисё мушкили мекашанд онхоро ба харам намебаранд зуд зуд ва ичоза намедиханд ки онхо худашон раванд то гум нашаванд хочиё бо сад хавас хонаи Худо мераванд аммо онхоро такрибан дар дуруз якбор харам мебаранд. Бо вучуди онки хуроки хуб хизматрасонии хуб надоранд аммо хочиё хомуш меистанд ончо танхо дар фикри ибодатанд аз ин кумитаи дин истифода бурда камтарин шароитро мухайё намекунад.

Бовар кунед хамааш дуруги махз аст.Мехмонхонаи шумо аз киргизхо хеч чиз бартари надорад.Аз Худо битарсед.Он хуроке ки шумо медихед ба ном хурок аст.Хамааш сухой паёк аст.Мехмонхонаи шумо 6 - 7 км масофа мебошад.Наход ки 1000 $ зиёдтар фарк кунад.Курбони 100$ аст на 1000 $.Аз Худо шарм доред.

хонанда
БА Хачравандахо: Як сол эътироз кунеду ба хач наравед, иншоаллох нархи он арзон мешавад.

JT
Асалому аллейкум бародарон, рафтани хонаи Худо аз тарафи Кумитаи Дини ЧТ аз сини 35 боло ичозат додиян. Аммо Кумитаи Дин шахр додестай:
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. - Ягон майда Кумитаи Дини ЧТ нафахмидам максадшона

сафар
[b]одилчон],
Дар бораи таъом гуфти бародар, Рохбалади мо Курбонов Мадуд соли гузашта моро мегуфт таъоме ки кумитаи дин метиянтон барои туремчикохай равен аз матъамхо хурокхои хуб хареду хуред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)