Ношукрӣ аз шукрона
Азизи НАҚИБЗОД
Мардуми тоҷик табиатан қаноатпеша ва шокир мебошанд. Ин хислат аз як сӯ бурдҳои зиёд дошта бошад, аз сӯи дигар касро аз мубориза бозмедорад.
Фалсафаи қаноат дар зиндагии мардуми мо таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳатто мешавад гуфт, барои миллати мо як навъ фарҳанг шудааст. Адабиёти ҳазорсолаамон низ моро аз андӯхтани сармоя ва расидан ба зиндагии шоиста боз медошт. Ба сабру гӯшанишиниву тарки дунё ва қаноати нозарур талқин мекард. Аз инҷост, ки ҳанӯз ҳам нодорӣ, камбағалӣ барои аксари мо нишони хоксорӣ шумурда мешавад. Вақте ки як аврупоӣ мемирад, барои фарзандаш қасру маблағи зиёд дар бонк мерос мегузорад, вале бештари фарзандони тоҷик пас аз марги падар барои оши худоиаш қарз мекобад.
Ҷои афсӯс аст, ки имрӯз васоити ахбор, мансабдорон, руҳониён ва ҳатто бархе аз зиёиён мардумро боз ҳам ба шукр ва қаноат даъват мекунанд. Ин ҳам дар асри 21. Дар замоне ки сарват қудрат аст. Ва танҳо кишварҳое, ки сарватмандони зиёд доранд, рӯи онҳо ҳисоб мекунанд.
Инро набояд фаромуш кунем, ки дар талоши зиндагии беҳтару сазовортар будан ин маънои ношукрӣ кардан ба шароити мавҷуда нест. Беш аз ин агар чунин талош нашавад, пешрафт низ ба даст намеояд. Рушд дар натиҷаи мубориза ба даст меояд.
Фалсафаи шукронаву қаноат агар дар кутоҳмуддат ба манфиат ҳам бошад, вале дар дарозмуддат рӯҳияи талошу муборизаро аз миён мебарад. Касро хоболуду танбал мекунад. Имрӯз моро зарур аст, ки баракс мардум ба хусус насли ҷавонро дар руҳияи ҷаҳду кӯшиш барои сазовор шудан ба як навъ зиндагии хубу саодатмандона ташвиқ кунем. Муҳимтар аз ин роҳҳои ба мурод расиданро барояшон пешниҳод намоем.
Ба назар бояд, гирифт, ки имрӯз ба кишварҳо ва миллатҳо аз рӯи иқтисоди солиму пешрафта ва вазъи иҷтимоиашон баҳо медиҳанд. Ин танҳо моем, ки бо буда қаноат мекунему барои доштани як бурда нон шукр. Магар бо ин роҳ метавонем, имиҷи давлату миллатамонро дар сатҳи ҷаҳон боло бубарем? Дақиқан наметавонем. Пас бояд ба ҷои ин ақида андешаи тозае биёбем, то роҳҳоеро барои пешрафти кишвар кушояд.
Бо дарки ин масъала бояд ба гардан бигирем, ки тарғибу ташвиқи фалсафаи қаноат ба манфиати миллату давлати мо нест. Ҳар назаре, ки моро аз пешрафт бозмедорад, бояд канораш бигзорем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |