Хабарнигори “Озодагон” бо таваҷҷуҳ ба чанд ҳодисаи худкушӣ дар кишвар аз коршиносон пурсид: ЧАРО ХУДКУШИРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД?
Дидавар БЕКЗОДА, равоншинос
Сабаби худкушӣ надонистани роҳи ҳали мушкил аст. Вақте инсон ба ягон мушкил рӯбарӯ мешавад ва қобилияти ҳал кардани онро надорад, метавонад даст ба худкушӣ занад. Аз дигар тараф нигоҳ кунем, худкушӣ як рафтор аст. Вақте мушкилот пайдо мешавад, инсон муносибати худро нисбат ба мушкилот нишон медиҳад. Вақте ба мушкилот тоб намеоварад, рефлекс нишон медиҳад ва худро метавонад, ки ба қатл расонад.
Абдуллоҳ ОҚИЛЗОДА, диншинос
Роҳи ҳал ва пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо зиёд аст ва аз ҳама асоситаринаш тарбияи аҳли ҷомеа дар асоси имону эътиқоди росих ба Худованд, сабру таҳаммул ҳангоми рӯбарӯ гаштан бо душвориҳост. Танҳо имону эътиқоди қавӣ метавонад соҳибашро дар ҳама ҳолат тасаллӣ диҳад, дастгираш бошад, аз пой афтидан нагузорад, дар муқобили ҳама гуна сахтиҳо устувору муборизаш гардонад. Дар соҳаи фиқҳи шаръӣ қоидаест, ки агар ғуломе даст ба дуздӣ зад, дасти мавло ва соҳибаш бояд бурида шавад. Чун маҳз ҳамон мавло сабаб гаштааст, ки ғулом дар асари гуруснагӣ ба дуздӣ даст задааст. Манзур ин ки чаро масъулини соҳаи иҷтимоӣ барои пешгирӣ аз ин ҳаводис чораҳои ҷиддӣ намеандешанд?! Бадбахтона, аксари корҳое, ки аз тарафи иддае аз масъулин иҷро мешавад, танҳо барои сиёҳ кардани коғазҳои сафед дар гузоришҳо ва худнамоӣ назди зинаҳои болотар аст. Ба мушкили махсуси иҷтимоӣ дилсӯзона муносибат намекунанд.
Марям ДАВЛАТОВА, равоншинос
Интихоби ин одамон аз чандин омил вобаста аст, аз ин рӯ барои ҷавоб додан ҳолат бояд пурра омӯхта шавад, танҳо он вақт маълум мешавад, кадом роҳ барои ин ё он фарди алоҳида буду истифода нашуд.