Бахшҳо
21 май 2015 11:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Наздикони Зеварбону: Холиқзодаро ба Худо супоридем

Наздикони Зеварбону Пирова, як кӯчарӯби ҳалокшуда дар пайи садамаи собиқ ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз даъвояшон барои рӯёнидани ҷуброни моддию маънавӣ даст кашидаанд.

Мурод Мирзоев, шавҳари марҳум Зеварбону имрӯз, 21 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз даъво барои талаби ҷуброн аз Фирӯз Холиқзода даст кашидаанд: “Ӯро ба Худо супоридем, дигар даъво намекунем. Мурофиаи додгоҳӣ вобаста ба ин қазия дигар баргузор намешавад”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии даъвои наздикони Зеварбону Пирова барои рӯёнидани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ шурӯъ кард. Наздикони марҳум рӯзи 20 май ба “Озодагон” гуфтанд, бештар аз як ҳафта аст, ки мурофиаи додгоҳӣ оғоз шудааст: “Мо ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорем”.

Зеварбону Пироваи 53-соларо, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябри соли 2014 ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, як “Мерседес” бо суръати баланд пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса буданд, он вақт ба "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”.

Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст. Баъдан гуфта шуд, сари фармони сабукрав Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ қарор доштааст. 3 ноябри соли 2014 Додгоҳи ноҳияи Сино бар пояи қонуни афв Холиқзодаро аз ҷавобгарӣ озод кард. 9 декабри ҳамон сол, Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ аз қарори афви ӯро бетағйир гузошт.

Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи Душанбе он вақт гуфт, наздикони кӯчарӯби марҳум ҳаққи талаби ҷуброни зарари моддию маънавиро доранд.


Акс аз "Азия Плюс"
Мӯҳр
ы
Холикзода кани мардигариатро нишон дех. Инсонро кушти, муфт халос шуди. Дар он дуне чи чавоб медихи?

ь
Халос шуди, лекин аз он руъёе,ки якумр туро таъкиб мекунад халос шуда наметавони, он бо ту то худи Гур меравад, сипас ба чазои худ мераси. Хамин сухан бас Аст ба ту " Уро ба Худо супоридем".

Kholikzoda be insof budi dar dunyoi ozod gashtan mekhohi .

Имруз халос шуди вале, Иншоаллох дари ту хам хамин хел мекубанд, интизор бош...

Абдурраҳмон
Холиқзода имкон дошт, ки хунбаҳои марҳумаро пардохта дили соҳибони хунро ба даст оварда, гуноҳашро дар ҳамин дунё бишӯяд. ҳоло ки соҳибони хун қазияро ба Худо супурдаанд, ғайр аз муҷозоти Илоҳӣ роҳи дигаре барои худ нагузоштааст.

карам
холикзода медонад, ки ин гунохи мудхиш ва нобахшидани бо хунбахо хам бахшида намешавад, аммо ман бовари дорам ва хар руз дуо мекунам, ки холикзода дар ин дунё хам чазояша базуди хохад дид, уро иншоъаллох, ХУДОИ бахшоянда хеч гох намебахшад,

Ман хайронам. Ворисони мурда даъво надоранд. Аммо конуни чинояти чаро уро аз тарафи конун ба чавобгари намекашанд? Агар ягон мулло ё ришдор мебуд, говсуд мекарданд.

мухочир
Вой бар холи мо бар ин ватану ватандори ...

Шариф
Кулухандозро подош санг аст-гуфтааст халк. Туро ба Худо супоридаанд ва он Худои сахтгир худаш медонад бо Шумо чи кор кунад. Лутфи Хак бо ту муросохо кунад, З-он ки аз хад бигзари расво кунад. Акалан рафта ба хамин оила кумак мекарди, бахшиш мепурсиди, тавба мекарди... Вой ба ту, Вой ба ту!!!

58
Кори хуб накарден подош ин роич хаст дуюм ин ки барои дигарон дарси ибрат мешавад яъне хунбахо додан лозим меояд.Макомотро лозим меояд ки новобаста ба даст кашидан аз даъво ин корро то ба охир расонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)