Бахшҳо

Танҳо 7 дарсади кӯдакони то 6 сола дар Тоҷикистон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд

«Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ».


Бо ҳамин унвон Душанбе мизбони нишасти вижае буд, ки бо ибтикори барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода»-Бунёди Мадад доир гардид. Муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабиро таъсисдиҳандагон аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи ҳамоиш номиданд. Дар нишасти мазкур намояндагони ниҳодҳои дахлдор аз шаҳри Душанбе, вилояту ноҳияҳо ва ҳукуматҳои маҳалӣ,  инчунин шарикони барномаи «Қадам ба қадам»  аз «Бунёди рушди кӯдак»-и Лаҳистон иштирок доштанд. Треза Огродзинская, намояндаи барномаи «Бунёди рушди кӯдак» дар мавриди ин созмони лаҳистонӣ маълумот дода зимнан афзуд, ки мақсади аслии таъсиси хазина пайдо намудани замина барои таҳсилоти кӯдакони синни то мактабӣ мебошад. Номбурда қайд кард, ки аз моҳи сентябри соли 2012 сар карда дар Лаҳистон кӯдакони 6 сола мактаби таҳсилоти ибтидоиро оғоз мекунанд ва барои кӯдакони 5 сола бошад, як сол таҳсилоти тайёрӣ ба мактаб ҳатмӣ мешавад. «Дар деҳоти Лаҳистон таҳсилоти то мактабӣ ду маротиба зиёд шуда, айни ҳол 40 дарсади кӯдакони деҳот ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадди аққал дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ як маркази таҳсилоти то мактабӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҳисоби буҷаи мақомоти ҳокимиятӣ (шаҳрдории) маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад. Айни ҳол аъзои парлумон ин масъаларо ба роҳ мондаанд, ки барои таҳсилоти то мактабии кӯдакон кумак кунанд»,-илова намуд Треза Огродзинская. Ин дар ҳолест, ки хонум Огродзинская раванди ба таълим фаро гирифтани кӯдакони аз 2 то 5 соларо дар Лаҳистон бад арзёбӣ мекунад. Ба қавли вай 60 фисади кӯдакон аз таълими саривақтӣ канор мондаанд.

 

Лола Бобоева, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи «Қадам ба Қадам» зимни суханронии худ гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо 7 фоизи кӯдакони аз 3 то 6 сола ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксаран дар деҳот кӯдакони синни томактабӣ аз ин муассисаҳо дуранд. Ӯ мегӯяд ин нуктаро ба назар гирифта, барномаи «Қадам ба қадам»-и ИҶК-БМ дар Тоҷикистон аз соли 2003 лоиҳаи «Омода кардани кӯдаконро ба мактаб тавассути волидон» дар объектҳои озмоишии барнома роҳандозӣ мекунад. «Дар оянда ният дорем, натиҷаҳои барномаро дар шакли ҳисобот ба вазорати маориф пешниҳод намоем, то аз он дастгирӣ кунанд»,-гуфт хонум Бобоева.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)