Ато Муҳаммади Нур қотили Бурҳониддин Раббониро ифшо кард
Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон дар тозатарин изҳороти худ гуфтааст, Маъсум Истонакзай қотили Бурҳониддин Раббонӣ аст.
Ин изҳороти Ато Муҳаммати Нур дар ҳоле садо медиҳад, ки раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ қасд доранд, Маъсум Истонакзайро ба унвони номзади вазорати дифоъи ин кишвар дар парлумон муаррифӣ кунанд.
Ба иттилои сомонаи “Ҷумҳурнюз”-и Афғонистон, оқои Нур бо интиқод аз ин иқдоми раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ гуфтааст: “Муаррифии Маъсум Истонакзай, ки қотили раҳбари фарҳехтаи Ҷамъияти исломӣ шинохта шудааст, дар вазифаи калидӣ чизе камтар аз по гузоштан рӯи арзишҳои миллӣ ва беҳурматӣ ба хуни муқаддаси раҳбари мо нест”.
Ин нахустин маврид аст, ки раҳбарони воломақоми тоҷиктабори Афғонистон Маъсум Истонакзайро ба унвони қотили Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, Раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва Раиси Шӯрои олиии сулҳи Афғонистон муаррифӣ мекунанд.
Бурҳониддин Рабонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон дар замоне, ки Маъсуми Истонакзай масъулияти раиси Дабирхонаи шӯрои олии сулҳро ба уҳда дошт, аз сӯйи марди интиҳорӣ ба шаҳодат расид.
Дар гузашта низ бархе соҳибназарон мегуфтанд, дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ оқои Истонакзай даст дошт, зеро бе мувофиқати ӯ ин кор сурат намегирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |