Суҳбати Аслов бо Таршаҳонӣ дар бораи таквияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Муҳаммад Таршаҳонӣ, сафири ғайримуқими Фаластин дар шаҳри Душанбе, ки дар доираи як сафари расмӣ дар кишвар қарор дорад, мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 20 май баргузор шудааст.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва СҲИ баррасӣ шудаанд.
Инчунин дар атрофи рушди вазъият дар Ховари Наздик ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва дигар чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ аз сӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дипломати фаластинӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |