Исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2011 пас аз чанд соат маълум хоҳад шуд.
Ҳайати доварон ва ҳакамон дар пойтахти Норвегия- шаҳри Осло ҳанӯз ба қарори мушаххас наомадаанд, вале интизор меравад то соати 14-ми имрӯз номи баранда маълум шавад. Маълум нест, ҷоизаи имсола насиби кӣ хоҳад шуд, аммо сару садо зиёд аст, ки шояд Ҷоизаи Сулҳи Нобелро имсол ба як фаъоли маданӣ ва гурӯҳе аз ҳаракатҳои масъули “Баҳори Араб” дар Шимоли Африқо ва ё Ховари Миёна бидиҳанд. Нахустин раиси ҷумҳури зан дар Африқо, Эллен Ҷонсон Сирлиф, раиси ҷумҳури Либерия, Симо Самар, фаъоли ҳуқуқи инсон аз Афғонистон ва Ҷен Шарп, фаъоли мадании Амрико ва созмони мудофеъи ҳуқуқи “Мемориал” аз Русия ва Иттиҳодияи Аврупоро низ номзадҳои эҳтимолӣ медонанд. Маврид ба ёдоварист, ҷоизаи сулҳи Нобел 1 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр