Бахшҳо

Наздикони кӯчарӯб аз прокурор Холиқзода ҷуброн мехоҳанд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти наздикони Зеварбону Пирова, як кӯчарӯби ҳалокшуда дар пайи садамаи собиқ ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои рӯёнидани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ шурӯъ кардааст.

Наздикони марҳум имрӯз, 20 май ба “Озодагон” гуфтанд, бештар аз як ҳафта аст, ки мурофиаи додгоҳӣ оғоз шудааст: “Мо ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорем”.

Наздикони Зеварбону мегӯянд, қарор аст, мурофиаи навбатӣ панҷшанбеи 21 май дар Додгоҳи Шоҳмансур идома пайдо кунад.

Зеварбону Пироваи 53-соларо, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябри соли 2014 ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, як “Мерседес” бо суръати баланд пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса буданд, он вақт ба "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Баъдан гуфта шуд, сари фармони сабукрав Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ қарор доштааст. 3 ноябри соли 2014 Додгоҳи ноҳияи Сино бар пояи қонуни афв Холиқзодаро аз ҷавобгарӣ озод кард. 9 декабри ҳамон сол, Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ аз қарори афви ӯро бетағйир гузошт.

Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи Душанбе он вақт гуфт, наздикони кӯчарӯби марҳум ҳаққи талаби ҷуброни зарари моддию маънавиро доранд.
Мӯҳр
мухиб
Ин як ходисаи нохуш мебошад , прокурор ми шахрванди одди ми инхел ходисара аз хурсанди намекуна. Дар як садама дар ишкошм чонафар аъзои оила халок гардид инхам прокурор гунахгор ин ходисаи нохуш мебошад худо ба сари хечкас наояд.

Довуд
Ба Мухиб

Хайр чи гуфтании ту, Холикзода кайф карда дар озоди бгарда. У бечораи занаки рахруба чунон пахш кард, ки аз зарби мошин чанд пора гашт. Чиноят карди РАВ СРОКта гиру ДАР ЗИНДОН шин. Касе набоши. Итари беадолати медони ба чи окубат оварда мерасона МУХИБ???????
Аввал андеша баъд гуфтор

БА БОЗОР СОБИР
Дар бораи катли Фархунда ин кадар шеъри ба кавли худат аламовар навишти, дар бораи ин зани бечора, ки рохро барои хаму прокурор барин нохалафхо хоби рохат нарафта тоза мекард, ЧАРО ХОМУШИ?!?!?! ИН КАДАР ХУДАТРО НОТАРС НИШОН МЕДИХИ, АГАР ДАР ИН БОРА ШЕЪР НАВИСИ, ЗИНДА БА ЗИНДА БА ХОК МЕСУПОРАНДАТ!!!

saif
Ба Мухиб!
Агар хамон зан наздикони шумо мешуд, мебахшидиш??? шахсе ки хатто суръатро паст накардааст??

Номус
Ах, туф бар шумо барин ҳомиёни ҳуқуқу нигаҳбонони тартибот!
Ҳароматон бод он пагонҳо! Шармандаҳо! Ин чапот ба рӯи қонун, ҳукумат ва тартибу низоми давлатдорист! Имрӯз кӯчарӯбро пахш кард, пагоҳ милисаву духтурро мезанад. Медонад, ки дар ин системаи аз фасод пӯсида ҳама корро метавон бо пулу шиносбозӣ "ҳал" кард.

Рохгузар
Ба Довуд Салом бародар ягон инсон намехохад чунин мусибат шавад дар насиб будааст худо рахматаш кунад аммо ин чавон аст Фируз шахси бо тамкин ва хуб мебошад якум аз мансаб рафт дуюм догдор шуд барои инам чабр аст сулх хамеша кафили тинчи пешрави аст биёед шуру игво накунем гузариши гунох ин хуб аст якдигарфами кунану аз якдигар узурпурси кунан тамом

АВФ ...! Карори АВФ бетагйир...!!!!! Мудоме ки собик декани факултаи ХУКУКШИНОСИ буден, ХУКУКШИНОСОН "ХАККИ УСТОД" гуфта ,КОНУНРО ба як суй мегзоранд- да !

Э мардуми соддае падари инкас хозира судяхову прокурорхоро дарс додаги ,,,,, читавр ин шахмро бад тарафдори накунанд гуед ку

Мутаасифона дар Точикистон тамоми конунун тафтиш болои бечора мардуми зинаи поёни яъне камбагал аст то ба кай дар ватану милати мо зулму ситам болои одамони факиру нодор идома мекунад кай адолат барпо мешавад бояд аз руи адолат хам чуброни моли ва адои гунохашро дар паси пачара гузаронад на авф шавад шояд боз пораву тага давондааст ки авф шудааст бечораи мург дузд бошад паси панчара 5 сол адои чазо мекунаду шахси одам куш бошад 5 руз оё ин аст адолат.

хакикат
ха охир ба фикрам шумо низ яке аз хамин хел прокурорхо хастед, ки имруз халки камбагалро хукуки гап задан намедихед. чи хел ходисаи нохуш чаро хатто мошинашро нигох надошта гурехтааст, хол он ки у бояд ёрии худро мерасонид, ана дар ин вакт хукук доштед ки ходисаи нохуш гуед. Агар ана хамон хел занхои мо набошанду кучахоро тоза накунанд чи занхои прокурорхо рафта кучаруби мекунанд, не, агар зани прокурорро ягон мошини камбагал зер мекард, холо вооойййй бар чони ун камбагал буд. вале афсус ки конун танхо барои камбагалон аст.

саравроз
конун барои камбагалу бетага будай... ин прокурор одам кушта мегаштай кайф карда бечорахои бетага дар зиндон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)