Заминларзаи 5,6 балла Тоҷикистонро такон дод
Субҳи имрӯз, 20-уми май тақрибан соати 8:30 дақиқа Тоҷикистонро заминҷунбии 5,6 балла такон дод.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки маркази заминҷунбӣ дар 120 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Рашт воқеъ будааст: “Ларзиши замин дар маркази заминҷунбӣ 5,6 бал ва дар Душанбе 2-3 бал ба қайд гирифта шудааст”.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пайи ин заминларзаҳо то ҳол хисороти молию ҷоние ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |