Оғози амалиёти “Кӯкнор-2015” дар қаламрави Тоҷикистон
Агентии назорати маводи мухаддири назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, шурӯъ аз имрӯз, 20 май амалиёти “Кӯкнор-2015” дар қаламрави кишвар оғоз ёфт.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 19 май ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2015” бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баргузор шуд. Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардиданд: “Нақшаи гузаронидани чорабинӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015 тасдиқ гардид, ки ба он самтҳои асосӣ дохил мешаванд: ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба пешгирии самтҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, ҷамъбасти иттилоот дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари пайдоиши растанӣ дошта, муайян намудани мавзеъҳои гузаронидани амалиёт, таъмини назорат аз болои иҷроиши амрномаҳо, ошкор ва нобуд сохтани киштҳои бангдонаҳои худрӯй, ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ”.
Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амният, ВКД, КДАМ, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор иштирок намудаанд. Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” гузаронидани амалиёти байналмилалии СААД “Гром-2015” низ дар назар аст. “Бояд қайд намуд, ки барои гузаронидан, назорат кардан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд”,-афзуд манбаъ.
Амалиёти “Кӯкнор” ҳамасола дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |