Аз 6 то 23 сол. Ҳукми се шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои куштору дуздӣ
Додгоҳе дар вилояти Маскави Русия се шаҳрванди Тоҷикистон - Далер Раҷабов, Саидҷаъфар Камолов ва Ихтиёр Латифовро аз 6 то 23 сол равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои масъулини додситониии вилояти Маскав, ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар куштор, дуздӣ, таҳия ва фурӯши асноди сохтаву ҷоизаҳои давлатӣ ва муҳрҳои қалбакӣ айбдор эълон шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, маҳкумшудаҳо моҳи октябри соли 2013 ба назди яке аз шиносҳои Раҷабов, ки дар қабристоне машғул ба кор будааст, ҳамла карда, ӯ ва ду ҳамкорашро ба қатл мерасонанд ва баъди гирифтани ҳазору 390 рубли русӣ бо оташ задани макони зисти онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.
Дар пайи амайлиёти ҷустуҷӯии кормандони пулиси вилояти Маскав Раҷабову Камолов ва Латифов, ки ҳамроҳ бо худ шиносномаи қалбакӣ доштаанд, боздошт гардидаанд. Бо қарори додгоҳ Раҷабов ба муҳлати 23 сол, Камолов ба муҳлати 18 сол ва Латифов ба муддати 6 сол равонаи зиндон шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |