Ҷустуҷӯи "маводи мунфаҷира" дар ҳавопаймои Душанбе
Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Маскав гуфтааст, иттилои шахси номаълум дар бораи бомбгузории ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” тасдиқ нашуд.
Хабаргузории Regnum бо такя ба дафтари матбуотии ин раёсат хабар додааст, дар бораи бомбгузории ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи "Домодедово” наздик мешавад, шоми рӯзи 18 май хабар расидааст. Ба иттилои манбаъ, он вақт ҳавопаймои “Боинг 757-200”-и ширкати “Тоҷик Эйр”, ки дар хатсайри №7J 627 аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард, ба фурудгоҳи “Домодедово” наздик буд.
“Дар соати 21:15 ҳавопаймо ба замин нишаст ва соати 22:15 мутахассисон корҳои санҷиширо анҷом доданд. Аз дохили ҳавопаймо маводи мунфаҷира пайдо нашуд”,-хабар додааст манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |