Худкушии навраси 16-сола ва зани 47-сола дар шимоли Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд боз ду нафар даст ба худкушӣ задаанд.
Манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, 17 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен як навраси 16-соларо наздиконаш дар манзили зисташон дар ҳолати овехта пайдо кардаанд: “Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Мастчоҳ як зани 47-сола худро овехтааст”.
Манбаъ мегӯяд, айни замон мақомоти дахлдори ин ду ноҳия иллати даст ба худкушӣ задании онҳоро дақиқ мекунад.
Шурӯъ аз оғози соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд хабари бо роҳи овехтан худкушӣ кардани беш аз 20 нафар расонаӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |