ХБА: Таваррум дар Тоҷикистон “рекордӣ” хоҳад шуд
Хазинаи байналмилалии асъор дар гузориши ҷадидаш сатҳи таваррумро дар Тоҷикистон барои соли равон 12,8 дарсад пешбинӣ кардааст, ки баландтарин нишондод дар минтақа аст.
Дар гузориши ҷадиди Хазинаи байналмилалии асъор, ки зери унвони “Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавӣ” барои моҳи май нашр гардидааст, инчунин гуфта мешавад, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ дар Тоҷикистон баландтарин дар минтақа-10 дарсад хоҳад буд.
Тибқи пешгӯиҳои ин Хазина соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,3 фоиз ва рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 9 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Таҳлилгарони ХБА таъкид мекунанд, ки дар баробари коҳиши воридоти маблағ аз Русия ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, суст шудани рушди иқтисодиёти Чин низ ба иқтисоди ин кишварҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд: “Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Чин соли равон 7,1 фоиз ва соли 2016 ба 6,8 дарсад баробар мешавад”.
Хазинаи байналмилалии асъор барои истодагарӣ дар баробари таъсирҳои манфии беруна ба Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақа маслиҳат медиҳад, ки устувориро аз ҳисоби захоири дохилӣ таҳким бахшанд, ислоҳоти сохторӣ гузаронда, ҷойҳои нави корӣ ташкил диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |