Мулоқоти сафирони Тоҷикистону Узбакистон бо Носир Сабоҳ Аҳмад
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Носир Сабоҳ Аҳмад, вазири Девони амри ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарии Кувайт, ин вохурӣ рӯзи 18 май баргузор шуда, дар он масоили вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шудаанд.
Инчунин рӯзи 18 майи соли равон вазири Демони амири Кувайт Баҳромҷон Аълоев, сафири Узбакистон дар ин кишварро ба ҳузур пазируфтааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шуданд. 22 январи соли 2013 сафорати Тоҷикистон дар Кувайт расман ба фаъолият шуруъ намуда, аввалин сафири кишвар дар Давлати Кувайт Зубайдов З. Н. таъйин гардидааст. Байни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъсис ёфтааст, ки ҷаласаи нахустини он 23-24 майи соли 2013 дар Душанбе доир гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |