Убайдуллоев баъд аз интиқоди президент сокинонро ба Роғун мебарад

Ҳукумати шаҳри Душанбе эълон кардааст, аз ин ба баъд ҷавонону эҷодкорон ва кормандони корхонаву муассисаҳои пойтахтро барои ошноӣ ба маҳаллаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебарад.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 15 май аз ин тасмими Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хабар дод ва гуфт, дар ин замина қарори ӯ ҳам имзо шудааст. Дар қарори Убайдуллоев, таъкид шуда, “аз моҳи майи соли равон сар карда, экскурсияи сокинони шаҳри Душанбе, кормандони муассисаву корхонаҳо, зиёиён ва ҷавонони ташаббускору эҷодкор ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташкил карда шавад”.
Бар асоси ин қарори шаҳрдори Душанбе, ба хотири истироҳату фароғати сохтмончиёни сохмтони Роғун Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, то дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ ташкил намоянд.
Инчунин муовини аввал ва муовинони шаҳрдорию раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои ҷалби тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт барои ширкати кормандонашон дар экскурсияи мазкур муваззаф шудаанд, то дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул чораҳои зарурӣ андешанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ҳадаф аз ин қарори Убайдуллоевро “амалисозии ҳадафҳои созандагӣ, ифтихори ватандорӣ аз давлатдории миллӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ташкил намудани экскурсияҳои кормандон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти бузурги аср - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” арзёбӣ кардааст.
Ин тасмимро Убайдуллоев дар ҳоле гирифтааст, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҳам дар пайи интиқоди раисиҷмуҳури кишвар, ки гӯё адибон дар бораи иншоотҳои муҳими кившар асари ҷолиб наофаридаанд, бархе аз аъзои худро ба маҳалли сохтмони Роғун фиристодааст ва интизор меравад китобҳои тозаэҷод дар ин бора ба нашр бирасад.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |