Бахшҳо

Тасмими раис боиси ҷанҷоли ду деҳа ва ҷароҳати милисаҳо шуд

Санади қабулкардаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар бораи ба истифодаи деҳаи Палдорак додани чарогоҳи рустои Деҳманора боиси задухӯрди оммавии сокинони ду деҳа шудааст.

Шералӣ Қурбонов, сокини деҳаи Деҳманора, имрӯз, 18-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки тасмими раиси ноҳия ва раиси ҷамоат дар бораи додани чарогоҳ ба деҳаи Палдорак рӯзи истироҳатии 9-уми май қабул шудааст: “Дар асоси ин санад сокинони деҳаи Палдорак чорвояшонро 15-уми май ба чарогоҳ оварданд, аммо сокинони деҳаи Деҳманора зид баромаданд. Вақте сокинони деҳаи Деҳманора монеи чарондани чорво шуданд, ҳудуди 200 сокини Палдорак омада, бо сокинони Деҳманора задухӯрд кардаанд. Дар натиҷаи ин задухӯрд ду корманди милиса ҷароҳати сабук бардоштааст”.

Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон”, сокинони деҳаи Палдорак иддао доранд, чарогоҳе, ки раис ба онҳо додааст, дар гузашта макони зисти аҷдодҳояшон будааст ва 200-300 соли пеш бобоҳояшон дар ин минтақа зиндагӣ кардаанд.

Манбаъ афзуд, феълан масъулини вилоят ба ҳалли ман қазия машғуланд.
Мӯҳр
Нозим аз Мастчох
Як гапи рост гуям агар хами раси нохия Кухистони Мастчохра аз дигар чо биёран оличаноб мешавад барои он ки да инча холо хам камбудихо зиёданд. Раиси нохия ба чои мардума ором кардан мушкилишона хал кардан аз руи конун амал кардан мардуморо чанг меандозад. Ду мардуми дехаро чанг андохт хатари калон дорад. Худое накарда якдигарашонро накуштанд неки чи гап мешуд. Бояд раиси нохия аз руи конун кор кунаду марджумро дар байн надарорад конун барои чи аст.

Кодекси Замини Ч.Т.: Моддаи 2. Замин дар Ч.Т. моликияти истисноии
давлат буда давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халк кафолат медихад.
Даъвои заминхои авлоди дар каламрави Чумхурии Точикистон
Э ъ Т И Б О Р надорад.
Сокинони дар задухурд иштироккунандаи хар ду деха бояд дар асоси Конун ба чавобгари кашида шаванд ва маблаги чаримаи онхо ба
буча гузаронида шавад !!!!!

Кодекси Замини Ч.Т.: Моддаи 2. Замин дар Ч.Т. моликияти истисноии
давлат буда давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халк кафолат медихад.
Даъвои заминхои авлоди дар каламрави Чумхурии Точикистон
Э ъ Т И Б О Р надорад.
Сокинони дар задухурд иштироккунандаи хар ду деха бояд дар асоси Конун ба чавобгари кашида шаванд ва маблаги чаримаи онхо ба
буча гузаронида шавад !!!!!

Эй мардуми шарифи Мастчох як бор хакикати холро баён намоед. Чаро санги маломатро махз ба сари Раиси нохия задани хастед. Ман худ шохиди хамин вокеа будам. Шумо мардуми шарифи Дехманора чанд сол боз налоги чарогохро медодед. Ё мардуми дехаи Палдоракатон . Шумо нангу номуси Масчои доред ё не . Эй мардум шукри тинчию оромиро кунед. Медонам шумо рохбар доред. Кадом мансабталоше боз сари шумоя гардонданист. Боз мегуям нангу номуси Мастчохии мо кучо шуд. Мо киро месузонем. Сад афсуси шумо. Раис хеч гунохе надорад. Дар хаки ин марди шариф тухмат накунед. Сад фоиз корхоеро мекунад мухтарам раиси хама аз руи конун ва дар доираи конунанд.

99
100 Сад сол пеш замини Ҳисору Шаҳринав замини бобои ман буд.
Чӣ, ман даъво кунам, ки замини ман аст?
Аҷаб мардуми ҷоҳил будаанд!

беном
Ман хам шохиди ин ходиса будам шумо мардум бояд як чизро донед Дехаи палдорак то макони чарогохи дехаи Дехманора 15 километр хаст. Ин чарогох дар худуди дехаи Дехманора хаст худ казоват кунед, ки магар конунгузории ЧТ муайян накардааст, ки хар як деха худуди марзию маъмурии худро дорад. Агар ин чо раиси нохия аз руи конун амал мекард ин гапо як сол давом намекарданд. Дуюм он мардуми палдорак ду дехаро убур карда ба таври зури ба дехаи Дехманора омаданд. Аз боло санг чар карда мардумро кариб ки зинда зинда мекуштанд. Ана ин аст амл карди раиси нохия аз руи конун. Дар ин чони гапа гуем хама тарафдори Палдоракан ягон кас ин дар тарозуи аклу конун бар намекашад, ки масофаи ин чо 15 километр хаст ва дар н Кухистони Мастчох аз ин деха ба дехаи дигар чорвошонро бурда наметавонанд барои он ки хар деха ба худ чарогох ддорад аз он чумла дехаи Палдорак касе хакикатро намегуяд. ЗЕРО ХАКИКАТ ТАЛХ АСТ*))))

Ba 99
2 Asr pesh zamini Hisor az oni boboi man bud durug nagu. Onjo zamini mardumi Panjakent ast

Лозим мешавад
Бародарон айни хамин вокеа дар махаллаи мо низ дируз руй дод. Як Мансабдор ки аз вазифа истифода карда кисми зиёди заминхои гирду атрофи махаллаи моро гасп кардааст, бо хамсояи мо, ки барои писраш аз сархади заминои махаллаи мо ва заминхои хамон алигарх замини хона гирифт ва хона бино кард. Баъд аз чанд вакт у вазифадори давлати огох гардида ба хархаша ва тахдид даромад. Бечора хамсояи мо аввал харосид аммо бо пешниходи хамсояхо ба макомоти дахлдор мурочиат кард. Хулоса мунокиша ба чое расид, ки раиси кумитаи замини нохия ва хамон алигар ба сари замини бахснок омаданд. Истифодаи маколи халкии чанги замин дар сари заминро ба назар гирифта раиси кумитаи замини нохия хамсояи моро ва хамон вазифадорро ба сари замин даъ ват кард. Аз хамаи гапхои пасту баланде ки аз тарафи гуяндагон ба амал омад, ба ман сухани раиси кумитаи замини нохия маъкул шуд, ки ба хамон заминдор баъд аз дагалгуихои зиёдаш гуфт: Э шармандаги кардед охир хамин замин ба холи ману шумо механдад медонед механдад!!! мегуяд ки шумо барои ман чанг мекунед маро моли худ мехисобед намеандешед, ки шумо моли манед на ман моли шумо баъди чанде ба шиками ман медароед ана баъд мебинед, ки шумо сохиби заминед ё замин сохиби шумо.

палдорак
рахматчон замонов раиси ххд дар нохия ва намояндаи огохон .муаллим дар дехаи резгиф боз вазифахои дигар дар нохияи кухистони мастчох дорад.бо ин кадар чои кор бояд лаббакгуяки раиси нохия бошад.худ казоват намоед..

Палдорак
Бале хакикатро бояд гуфт: замин моликияти давлат хаст лекин хукуки истифодабарии он чарогох ба д.Палдорак дода шудай, ва ин хам сабаб дорад. Ин чарогох аз Палдорак буд хаст мемонад.

Бародари азиз аз дехаи Палдорак. Шумо андак бехабар мондаед. Ман кайхо аз раисии ХХДТ дар нохия озод шудаги хастам. дуюм хамин.ки ман омузгор нестам ва дар ягон чой дарс намегуям. Ман хамчун як фарди Масчохи вокеаи онрузаро дида, як бори дигар мегуям,ки сад афсуси номи Масчои.ки мову шумо онро сохиб шудаем. Ман бори дигар метавонам гуям,ки Рачабзода Мухаммадчобир бехтарин кадри чавони Масчои ва фахри мардуми Масчох аст. Маколе хаст.ки "Оби дари хона тира" ин дар шаъни баъзе аз "пешвоёни " масчоист. ки дог ба номи деха ва диёри Масчох меоранд.

шурик
Ин чарогох аз Палдорак нест ва нахохад буд. Барои он ки дар худуди дехаи Дехманора карор дорад ва даъвои мардуми Палдорак ки замини додгию бобоии хаст дар ягон конунгузорихои ЧТ гуфта нашудааст. Тибки конун агар адолатро риоя кунанд замин моликияти давлатист ба истифодабарандаи худ таксим карда мешавад. Дехаи палдорак худ дар ихтиёраш чарогохи зиёд дорад ва тобистон ба чарогохи мависми ба дигар чо мераванд ин чарогох хатто чорвои дехаи Дехманораро таъмин карда наметавонад. ин ду деха хамсоя дехаам нестанд ва даъвои ин мардум нодуруст аст ва шумо мусулмонед бояд аз Худо тарсед бо хамдигар хешу табории наздик доред ба шумо намезебад дар нохияи Кухистони Мастчох ягон деха молу колашро ба чарогохи дигар деха намебарад танхо Палдорак ба Дехманора меоранду халос . Шумо бояд донед, ки хато мекунед. Мо аз раиси нохия хохонем, ки дар доираи конун амал кунад ва мардумро бехуда чанчол наандохзаду сарсону саргардон накунад. Ин мардум хама мусалмон ва точиканд бояд махалгарои дар миёни онхо бардошта шавад.

Палдорак
Далери кун ки майдон аз далер аст, Агар рубох ба майдон ояд Шер аст. Бародарони Дехманора ба хотири як чарогох номи мастчора паст накунед. Инчо чои гап нест,ранги хаму занакои лаби об гайбат накунед хамара. Н.К.Мастчох хукумат дорад макомоти суду прокуратура дорад, мархамат Рафта шикоят кунед.

Палдорак
шурик,
Далери кун ки майдон аз далер аст, Агар рубох ба майдон ояд Шер аст.бародарои дехманора барои як чарогох номи мастчора паст накунед.Н.К.Мастчох хукумат ва макомотхо дорад мархамат рафта шикоят кунед. Ранги занакои лаби ОБ гайбат накунед.

агар мухтарам призидентамон хал накунад ингуна проблемаро раисои бекораамон наметонанд!! Халки мо одат кардаст то кор ба боло наравад мобайни худ хал намекунанд. Шкр намекунем !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)