24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Хонандаҳои тоҷик нимаи аввали моҳи май аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо 24 медал баргаштаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ду хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе (ЛИМТТД), се хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд ва ду хонанда аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи лоиҳавии ISPRO-2015 дар Ҷакартаи Индонезӣ дар ҳайати даставӣ миёни 22 давлати ҷаҳон мақоми дувумро соҳиб шуданд. Дар ин Олимпида, ки аз 4 то 9 май идома кард тамоми иштирокчиёни олимпиада аз Тоҷикистон сазовори медал гардидаанд.
Фараҳноз Каримова ва Субҳия Муродова хонандаҳои ЛИМТТД медаллҳои тиллои ин Олимпиадаро ба даст оварданд. Таҳмина Шукурова, Фарангис Ахмедова ва Мунзифахон Бобокалонова, хонандаҳои ЛИМТТХ бошанд, сазовори медалҳои нуқраи ин озмун шудаанд. Шоҳинабону Зуҳурова ва Умедаи Олимзода аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе мақомҳои савум ва медалҳои биринҷиро дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиб шудаанд: “Дар олимпиадаи Балкан, дар шаҳри Афинаи Юнон миёни 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон хонандаҳои литсей-интернати муштаракаи тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе -- Собирҷон Бобизода сазовори медали нуқра, Каломиддин Кличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров сазовари медали биринҷӣ шуданд”.
Ба қавли манбаъ, дар олимпиадаи лоиҳавии IYIPO-и и Гурҷистон миёни 34 давлат 8 нафар хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркӣ иштирок варзиданд. Абдуғафур Раҳимов ва Фарид Раҳимов аз литсей-интернати муштаракаи тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал, Шавкат Назруллозода ва Шералӣ Сайфуллоев аз ЛИМТТ-и Мавлонои шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиби мақоми дувум, Абдувоҳиди Абдумансур ва Давлат Давлатов аз ЛИМТТ-и шаҳри Турсунзода, Шаҳбоз Аллаяров ва Хуршед Авлиёқулов аз ЛИМТТ-и шаҳри Кӯлоб мақомҳои савумро касб кардаанд: “Дар Олимпиадаи байналмилалии Менделев аз фанни кимиё, ки рӯзҳои 3-10 моҳи май дар Еревани Арманистон баргузор гардид, 93 хонанда аз 15 давлат ширкат кард, ки ду хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар ин озмун соҳиби медали биринҷӣ гаштанд”.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм афзуд, дар Олимпиадаи лоиҳавию илмии Хюстони Иёлати Техаси ИМА аз 7 то 11 май хонандаҳои Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе -- Азиз Норинов ва Фарҳод Муҳиддинов сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷовидон Имомов хонадаи дигари ҳамин мактаб ва Бахтиёр Қурбонов хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе ифтихорномаҳои Донишгоҳи Хюстонро ба худ ихтисос доданд: “Дар ин Олимпиада 668 хонанда аз 67 давлати ҷаҳон бо 427 лоиҳа ширкат варзиданд”.
Дар маҷмӯъ, хонадаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии нимаи аввали моҳи май соҳиби 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |