Бахшҳо
18 май 2015 13:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми май дар мулоқот бо Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин масоили густариши ҳамкорӣ бо ниҳоди бонуфузи молиявиро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст: “Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба имзо расидааст”.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт: “Дар ин робита атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Чин, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки имконоти Бонки давлатии рушди Чин хеле фарох аст, зеро он ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст.


Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)

Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)

Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)

Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)
Мӯҳр
Тоҷикситон ба имзо расидааст”.
ислох шавад Точикистон

Кулябец
Дар нохияе ман зиндаги мекунам ягон корхона нест! Ва ягон намуди барномаи чалб намудани одамон ба кушодани корхона низ нест. Хама намуди ашёи хом хасту технология лозим. Факат магоза сохта молхои аз хорича дохилщударо мефурушанд . Ин савдогарон низ дасгири намешаванд . Тамоми коркунони нохия ба андози ин магозахо нигаронанд. Ин маблагхое, ки Чаноби Оли аз хорича мегиранд ба чи сарф мешуда бошад???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)