Бахшҳо

“Кортеж”-и тӯёна аз Душанбе то Варзоб: Касе пеши роҳашро гирифтан натавонист

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз “рейд”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “кортеж” ё худ қатори мошинҳои тӯёнаеро нишон дод, ки ҳудуди 15 мошини гаронарзишро дар бар мегирифт.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, қатори мошинҳо дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар “кортеж”-и тӯёнае, ки зимни “рейд” ба навор гирифта шудааст, ҳудуди 15 мошин бо нақзи тамоми қоидаҳои роҳ ҳаракат мекарданд. Ба иттилои гузоришгарон, дар чунин ҳолатҳо манъ ва боздошти қатори тӯёна вазифаи масъулини БДА-ю ВКД аст ва ду нозири роҳро нишон доданд, ки дар масири ҳаракати ин “кортеж” қарор доштанду ронандаҳо дар пеши чашмашон қоидаҳои ҳаракатро вайрон менамуданд. Дар назди дастгоҳи наворбардорӣ, яке аз ин нозирон гуфт, дар ҷое ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Нозири дигаре, ки дар масири ҳаракати “кортеж” қарор дошт, ба гузоришгарон гуфт, талош намуд онҳоро манъ кунад, аммо якбора се мошин ба тарафаш ҳаракат кардаанд ва натавонист мошинҳоро боздорад.

Тибқи ин навор қатори мошинҳои гаронарзиш аз Душанбе ба тарафи Варзоб ҳаракат намуда, вориди яке аз истироҳатгоҳҳо шуданд. Масъулини Кумитаи дин таъкид намуданд, дастандаркорони ин қонуншиканиро муайян кардаанд ва феълан барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чора андешида истодаанд.

Аммо дар ин гузориш аз номи тӯйдор ва ронандаҳое, ки дар баробари қонуншиканиҳояшон ба масъулин итоат накарда, бо дастафшонӣ ҳаракаташонро давом медоданд, зикр нашудааст.
Мӯҳр
усмон
Ин кумитай дин ба сари чор камбагала зурай ва бда кати вкд ба сари як муъмини ришдору хичобдора

Калонхо як шухй кардиян дия

Зайнура
Хешои болояй, чи коршон када метонен? давлат ай хдшонай...

Нушофарин
Хамин амалии конуи танзими анъана ва чашну маросимхо ягон манфиате наоварда, балки фасодкориро бештар намуд. Акнун мардуми оддию бечора дар баробари харачоти туй ба намояндагони танзими анъана (бахшхои танзими анъана, ки дар шахру нохияхо фаъолият дорад) лозим меяд ки порае диханд, вагарна онхоро ба кавли худ ба суд медиханд. Мегуянд, ки агар хамин микдор пул надихи туро тухмат мекунем, ки бо харачоти зиёд махфил оростааст. Рейдхое, ки дар дехот гузаронида мешавад танхо дахл дорад ба мардуме, ки рафта масъулини танзимиро рози накунонидааст. Умуман ФАСОДКОРИ пурра дар авчи кор аст. Мардуми бечора ягон проблема нашавад гуфта, рафта пора медиханд ки аз суи онхо фишоре нашавад. Масъулини корупсияи ЧТ як бор санчида бароянд, ки хамон одамоне, ки ба кавле конунвайронкуни кардаанд кихоян? Кариб 90 дарсади онхо аз оилахои камбизоатанд ё шахсоне хастанд, ки касдан хамин корро карданд. Махсусан ин кор дар чамоатхои шахру нохияхои ЧТ дар авч хаст.

Боз Бо Ягон Авлоди Хаст Кабагал Конунро Риёяа Мекна.

Миллатгаро
Дар назди дастгоҳи наворбардорӣ, яке аз ин нозирон гуфт, дар ҷое, ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Маънии гап хамин ки вазифае ки у карор дорад паст буда имконияти манъ кардани мошинхоро ки эхтимол кортежи туи кадом горе чиновник будаанд надорад. Ба ин нозир дилам сухт

ба хама ресторанхои ин нохия камера монда шавад. Хатми. ана мултфилми бе пул тамошо кунен.

туй
Ин кротеж - ро хеч чиз гуфта наметонанд, барои онки шарманда нашавад ба хонаи ягон камбагал рафта баъди сёмка ба хама нишон медиханд ки инхо хамон картежанд. Ингуна нотавонии кумитаи ба ном дину дигар кумитахояшро дар нази мансабдорон халки точик садхо бор дидааст, вакте як раиси нохия аз як занги телефон метарсад чи чои гап

Аз наворҳое, ки дар шабакаи Аввали Тоҷикистон нишон дода шуданд, БДА ВКД ҶТ бояд нисбати шахсоне, ки ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲро ҷидди вайрон карданд, ба ҷавобгари кашанд.
ИН ВАЗИФАИ ҶОНИИ ОНҲО МЕБОШАД.
Мутобиқи моддаи 322,323,324 ва 325 Кодекси ҶТ дар бораи Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури.

оид ба чунин ҷавобгари кашидан бо тариқи ТВ ин шахсон пахш карда шаванд.
Савол: Оё ВКД чунин имконият дорад? ман умедворам, ки ин шахсон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Шоди
Талхаи хам ВКД-атро мекафонанд, хам аз БДА-атро. Вазирбачахо буданд! Казияи Расули Амонуллох ба ин "конундонхо" дарси ибрат шуд. 7 ташхис гузаронида, хама ронандагони ин "кортеж"-ро бегунох мебароранд. Ин чо Точикистон аст, азизам!

Конун барои халк аст, на барои Хукуматдорон на барои хешу табори Пракрору милиса ва ё Президент.
Ин гуна рафторхоро ким-кайхо боз мардум медонад, афсус ки, агар ягон шахрванди бечора бо 3 ё 4 мошин катора “Кортеж” бошад аз холати бечорагии шахрванд истифода бурда кормандони БДА 20-30 сом пул меситонанд. Кани якбор бубинем чи тавр кормандони БДА ин мансабдоронро (кормандони Макомот, дохили. прокурор) медоранд.

Абдукудус
Аз ифшо шудани номи туйдор ва ронандагон макомдорон худдори мекунанд чунки онхо низ аз гурухи мансабдоронанд инаст саргузашти талхи точик.

Барои чи якхел нозири рох дар кучое ки дилаш мехохад мошинхоро нигах медорад ин бошад наметавониста будааст сафсата агар ягон шахси одди мешуд дар як лахза ба боглои капоти мошинаш савор мешуд ва кори хирс тамом.

Исфара
Номи туйдор пинхон монд донед, ки ягон вазир аст

Рустам
Ачоиб, корманди БДА гуфтаас, ки дар чое, ки ман карор дорам хукуки манъ кардани мошинхоро надорам. Барои чи набошад дар хар кучаву паскуча кормандони БДА мошинхоро бе асос манъ карда хуччат мепурсанд? Дар кучост хакикат?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)