ВКД дар бораи садама дар Бадахшон: Санг болои мошин афтидааст...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбор дар ноҳияи Дарвозро, ки 4 кушта барҷой гузошт, шарҳ дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод садама рӯзи 16-уми майи соли равон, тахминан соати 02:30-дақиқа, дар километри 369-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ, воқеъ дар мавзеи “Новак”-и ноҳияи Дарвоз рух додааст: “Дар ин мавзеъ аз тарафи чапи роҳ санги калон ба қисми болои автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрол”, рақами давлатиаш 63-63 АА 04, ки таҳти идораи ронанда Ниҳолов Алидод соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯшон қарор доштааст, афтида, дар натиҷа автомобил ба ҷарии 20-метр чаппа шуда, дар дарёи “Панҷ” ғарқ гардидааст”.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи ин садама мусофирон Худобердиев Саидқадам соли таваллудаш 1960, Худобердиев Худобердӣ соли таваллудаш 1972 ва Эмомназарова Нилуфар соли таваллудаш 1992, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи Давлатии Технологии ҶТ, сокинони ноҳияи Рушон дар дарё ғарқ шудаанд: “Ҷасади шаҳрванд Эмомназарова Нилуфар дарёфт карда шуд. Барои дарёфти ҷасади ронанда Ниҳолов А. ва мусофирон Худобердиев С., Худобердиев Х., чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад”.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” бародарон Худойбердӣ ва Саидқадам Худойбердиевҳо ҳамроҳ бо ҷиянашон Нилуфар Эмомназарова барои азодории модарашон-Гулхотун, ки субҳи 15-уми май даргузашт, ба деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон раҳсипор будаанд: “Аз мошин, ки дар маҳаллаи “Ҷорф”-и ноҳияи Дарвоз аз миёни дарё пайдо шуд, танҳо ҷасади Нилуфари 23-сола дарёфт гардид, ки имсол бояд Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм мекард. Ҷасади Нулифар 17-уми май дар зодгоҳаш деҳаи Сипонҷи водии Бартанг ба хок супорида шудааст. Кофтукоби ҷасади Саидқадами 55-сола, бародараш Худойбердии 43-сола ва ронанда-Алидоди 28-сола идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” Саидқадами 55-сола, афсари калони хидмати тиббӣ ва ронанда-Алидод низ ба ҳайси афсар хидмат мекардаанд ва Худойбердӣ Худойбердиев аз муҳоҷират аз Русия барои гусели модараш ба роҳи охират баргаштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |