Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кӯмакҳои хайриявӣ дар ин давра нисбати соли гузашта қариб дар ҳамаи муассисаҳо афзоиш ёфтааст. Дар нӯҳ моҳи соли гузашта ба муассисаҳои мазкур 600.792 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ворид гардида буд, ки ин нишондиҳандаҳо соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 221.163 сомонӣ ё 37 % зиёд мебошад. Илова бар ин, соли ҷорӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон, ҳалли мушкилоти хоҷагию молии ин муассисаҳо ва тақвияти назорати ҷамъиятии фаъолияти хона-интернатҳо бо иқдоми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ шӯрои сарпарастони хона-интернатҳо таъсис дода шудаанд. Ҳоло бо кӯмаку мусоидати ин шӯро дар хона-интернати шаҳри Турсунзода таъмири як қисмати бино, дар хона-интернати ноҳияи Ҳисор гузаронидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва сохтмони бинои маъмурӣ, коркарди чортоқи бинои хона-интернатҳои ноҳияи Восеъ ва Ёвон бо маҳлули кимиёвии зиддисӯхтор ба анҷом расонида шуданд.
Манбаъ афзуд, кӯмакҳои молӣ ва пулие, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои давлатии хона- интернатҳо ворид мегарданд, барои беҳдошти ҳаёти бошандагон, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба мавсими зимистон, инчунин рушди хоҷагиҳои ёрирасон истифода бурда мешаванд. Бо ин мақсад дар ҳамаи муассисаҳо комиссияҳои қабул ва истифодаи кӯмакҳои хайриявӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он бошандагони муассисаҳо низ шомил мебошанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |