Бахшҳо

Ҳукми 22 cоли зиндон ба Изатулло барои қатли раис ва ёвараш

Додгоҳи Хабаровск Изатулло Нигматов, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро барои қатли соҳибкори маъруфи ин минтақа Владимир Фукалов ва ёвараш Дмитрий Болшаков ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора сомонаи расмии додгоҳи Хабаровск хабар додаааст.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровски Русия муҳоҷири 24-солаи тоҷик дар хонаи соҳибкори 53-сола, ки бо хайрхоҳияш дар минтақа маъруф будааст, кор мекардааст: “Муҳоҷири тоҷик рӯзи 4-уми апрели соли гузашта корфармояшро бо ёвараш ба қатл расондааст. Нигматов интизор шудааст, ки Фукалов аз кор баргардад ва дар гараж ба сари ӯ тир холӣ намудааст. Таппончаро аз ҷойи хоби Фукалов гирифтааст. Сипас ёвари Фукаловро, ки ба бустонсаро омадааст, парронда, ҷасадашонро бо мошин як километр дуртар бурда, оташ задааст”.

Ба иттилои манбаъ, далели даст ба ин ҷиноят задани муҳоҷири тоҷик, соати қиматбаҳои соҳибкор, миқдори муайяни ҷавоҳирот ва беш аз 500 ҳазор рубли русии ӯ будааст: “Ҳарчанд шахси муттаҳам дар аввал худро гунаҳкор намеҳисобиду ҳама иттиҳомот алайҳи худро рад мекард, вале баъд аз пешниҳоди далоили кофӣ иқрор шуд”-иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотӣ.

Ба иттилои расонаҳои Русия дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Нигматов аз нишондодҳояш даст кашида, таъкид намудааст, ки онро таҳти фишор додааст ва хостааст, ӯро сафед кунанд. Аммо додгоҳ ин ҷавони тоҷикистониро ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровск мегӯяд, айбдоршаванда се соли қабл аз куштор ба Русия омада, дар хонаи соҳибкори қатлшуда кор будааст.
Мӯҳр
Сухроб
Агар ин хабар рост бошад чазои ин мухочир на 22-соли хабс балки катл аст. Инро дар намакдон туф кардан мегуянд.

Ана, ин аст ниёгони Шумо.
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

(Бозор Собир марои чунин магасхо низ шеър нависондан даркор)

точик
Лаъна ба ту барин инсон ки 3-сол намаки ин хонадонро хурдаву даст ба чунин чинояти сангин зади!!! Ту оё фикр накарди, ки такдири зиеда аз 1 млн. ахолии дигаре,ки дар ин давлат кору зиндагони мекунанад баъд аз ин ходиса ба чи мушкили дучор шудаву мардум ба точик чи гуна муносибат хоханд кард????
Сад хайфи ту барин чавон!!!

мухочири 14 сола
дуруги махз аст чихе точики 24 сола бо туфангча кор мефармона и бародари мухочира поставит кардагиян ..вай мурдаги ки пулдор ва бизнесмен боша вая заказ кардагиян и чавони точик лукмаи хуб барои постава

точик,
Агар хамчу хизматгор зуран дар хона доштаги бошад,чи ё таи се сол кор карда сумиша нодода, бо фиребу найранг дар хона дошта бошад чи? Магар имруз кам мардикорон ёфт мешаванд, ки хамин хел дар азобанд, номардон кор фармуда сумиша намедихад, бо айб ба болои точик меафтад, пеш аз гуфтану навиштан чор пахлуи ин масаларо дида баъд хулоса баровардан даркок!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)