Сиаою Жао ба Тоҷикистон меояд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари як қатор ҳайатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сиаою Жао, ноиби Президенти Бонки Рушди Чин ва котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, рӯзи 18 майи соли равон як гуруҳ аз соҳибкорони Олмон таҳти раҳбарии Райнер Линднер, мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти ин кишвар вориди Душанбе хоҳанд шуд. Ҳадаф аз боздиди соҳибкорони олмонӣ аз Душанбе иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон арзёбӣ шудааст.
Инчунин ибтидои ҳафтаи оянда ноиби президенти Бонки Рушди Чин дар доираи як сафари корӣ ба Душанбе омада, боздиди ӯ аз пойтахти Тоҷикистон то рӯзи 19 майи соли равон идома хоҳад ёфт.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзудааст, ки рӯзи 19 майи соли равон котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар доираи як сафари дурӯза ба хотири иштирок дар ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД вориди Душанбе мешаванд.
Рӯзи 21 майи соли равон П.Конков, раиси вилояти Ивановои Русия барои анҷоми як сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |