Бахшҳо
15 май 2015 15:24---

Кишвари тазодҳо

Азизи НАҚИБЗОД

Ба ростӣ ин бор хостам на аз камбуду норасоиҳои ҳукумат, балки аз дастовардҳояш бигӯям. Корҳои дар чанд соли охир ба анҷом расонидаи ҳукумати Тоҷикистонро пеши назар овардам.

Бунёди Китобхонаи миллӣ, Чойхонаи миллӣ ва Театри миллӣ, ки сохтмонаш нав оғоз гардидааст, чашмрастаринашон аст.

Аз бунёди Китобхонаи миллӣ аксари мардум изҳори норозигӣ намуданд. Ҳатто рӯшанфикрон низ мегуфтанд, барои кишваре, ки иқтисоди хароб дорад, ҳеч корхонаи истеҳсолиаш фаъол нест, чунин китобхонаи бузург чӣ зарурат дорад?

Агар баъди ба истифода додани Китобхонаи миллӣ аз мардум китоб талабидан ва бо китобҳои нав таъмин накардани ин китобхонаро яксӯ гузорем, бузургтарин хизмати ҳукумати Тоҷикистон дар 23 сол бунёди ҳамин муассисаи фарҳангӣ буд. Охир миллате, ки даъвои фарҳангу тамаддуни ҳазорсоларо дорад чигуна метавонад китобхонае чунин надошта бошад? Ғайр аз ин барои ҷалби таваҷҷуҳи насли ҷавон ба китобу китобхонӣ сохтани ин иншоот шарт буд.

Ҳанӯз баҳси заруру нозарурии Китобхонаи миллӣ ба охир нарасида, баҳси сохтани Чойхонаи миллӣ ба миён омад. Ин тарҳ низ гуё касеро хурсанд насохт. Мардум ҳазору як мисол меовард, ки фарзандонамон дар ғарибӣ гирифтори нонковию мо миллионҳо сомониро барои сохтани чойхона сарф мекунем. Ба ҳар ҳол чойхона сохта шуд. Воқеан бошукуҳ, муҷаллал, зебо. Инъикосгари фарҳанги ғании меъмории миллӣ. Арзиши меҳмони хориҷиро даъват намудану нишон доданро дорад. Аммо тааҷубовар ин буд, ки лоиҳаи Чойхонаи миллӣ чӣ тавр шуду баъди итмоми сохтмонаш ба “Кохи Наврўз” мубадал гардид. Ва имрўз як гӯшааш супермаркет ва дар гӯшаи дигараш ҷое борои барпо намудани “оши наҳор” таъсис додаанд. Хулоса, маълум нест, ки ин иншоот чисту барои чист? Дақиқан чойхона нест! Агар мақсад аз бунёдаш ҳамин ҷои оши наҳору супермаркет бошад, чи зарур буд, ки миллионҳо сомониро харҷ кунем?

Имсол ҳам дар арафаи ҷашни Наврўз Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид. Ҳоло мардуме, ки аз бунёди Китобхона ва Чойхона розӣ набуданд, магар аз сохтани театри 100 миллиондолларӣ хурсанд мешуда бошанд? Дар воқеъ аз сохтани театр норозӣ будаҳо магар ҳақ нестанд? Охир ба мардуме, ки ҷои кор надорад, кишвараш буҳронро ба болои буҳрон аз сар мегузаронад, аз ҳама муқаддам бунёди театр аст? Беш аз ин мо барои ин театр ҳунарманд дорем? Магар як ҳунарманди сатҳи ҷаҳониамон дар Олмон ғарибгӯр нашуд? Ё нафари дигараш дар мулки қирғиз шаҳди ғарибӣ намечашад? Ва оё театрҳои мавҷудаи мо барои тамошобин дигар ҷои нишаст намеёбанд?

Хулас, ин бор низ дастовардҳои ҳукумат маро қонеъ накард. Водор ба шубҳаам намуд, ки шояд дигар дар ҳукумат ҳисоб намекунанд, ки агар ин қадар маблағро дар ин роҳ сарф намоем онқадар фоида ба даст меорем.

Намегӯям, ки ба мо театр даркор нест, вале оё ҳамин ҳоло мушкили аввалдараҷаамон ҳамин аст? Магар вазъи хатарбори бозори асъор аз набудани бузургтарин театр ба амал омад ё набудани истеҳсолот ва содироти мол?

Тазод аст ин ҳама, дигар ҳеч!
Мӯҳр
Олим
Намояндахо аз хорича ба Душанбе меоянд ва Чаноб онхоро бо дастовардхои шахр ошно мекунад. Харчое мераванд Чаноб ба онхо нишон медихад -ин мехмонхона, ин чойхона, ин мехмонхона , ин чойхона, ин мехмонхона, ин чойхона,ин мехмонхона баьд яке аз хоричиен мепурсад хамачо мехмонхона ва чойхона аммо корхона дар кучост? Чаноб мегуяд корхона дар Русия ин чо бошад факат мехмонхона ва чойхона.

шахрвандони мо дар мухочират хору зоранд, чи ниёз ба сохтани "театри милли"-ву ...! хуб мешуд, ки бобати ин масъала амиктар андеша кард эй зимомдорон! хамдиёрони мухочири мо халок шуда истодаанд, ё дар холати бадтарини зиндаги карор доранд дар дил чи гуна чой нушида нишастан дар "чойхонаи милли" мегунчад, ё нодуруст аст?


хушнуд
кандата зан рохбари давлат иншоллох душмано кур мешаванд
Dilshod,
Dilshod,

Сохтани чунин иншоотхои фарханги барои миллати Точдор албатта зарур аст. Лекин хуб мешуд дар шароити имруза он маблагхое, ки сарф мешаванд ба корхонахое, ки хусусианду солхо боз хоб рафтаанд сарф карда шавад. Хукуматро зарур аст, ки ба корхонахои хусуси мухлат дода шавад то дар мудати муайян иктидори корхонахоро баркарор намоянд ва корро пеш баранд, вагарна ё фурушад ва ё дар ихтиёри Давлат дихад. То кай сафи бекори дар чумхури зиёд мешвад ва корхонахо дар дасти сохибмулкон бекор мемонанд?

ДАР ХАКИКАТ МО ЗАРУРАТ БА БУНЁДИ КОРХОНАХОВУ ИСТЕХСОЛИ
ДОХИЛИ САХТ НИЁЗ ДОРЕМ, ЛЕКИН РАХБАРОН КИ АЗ ИКТИСОД БЕХАБАРАНД, АТРОФАШОНРО БЕСАВОДОН ГИРИФТААНД БИНОБАР ХАМИН ТО ДАМЕ КИ ИНХО ХАСТАНД ХОЛ БАДТАР МЕШАДУ БЕХТАР НЕ... КАЗОКХО КИ ПРЕЗИДЕНТИ ИКТИСОДДОН ДОРАНД БИНЕД ЧИ КАДАР ПЕШ РАФТААНД... МО ФАКАТ АЗ АЧДОДОНИ ТАМАДДУНОФАРАМОН МЕБОЛЕМУ БАС...АГАР ХАМОН АЧДОДОНАМОН ХОЗИР ЗИНДА ШАВАНДУ ХОЛИ МОРО БАЙНИ МИЛЛАТХОИ ДИГАР БИНАНД ЯКИНАН ШАРМАНДА МЕШАВАНД ВА МОРО НАФРИН МЕХОНАНД...

Комил
Солҳои 1946(баъди ҶБВ) ҳукумати Ҷопон сарфи назар аз душвориҳои зиёди баъдиҷангӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки мардумро қурбон мекард, бештари буҷаи давлатро ба соҳаи маориф харҷ мекард, то мардумаш нодон нашавад. Кулии ҷопониҳо дар он солҳо маҷбурӣ дар ду смена кор мекарданд ва зиндагиву оромиши инсонӣ надоштанд, вале розӣ буданд, ки бештари маблағи буҷаи давлатӣ ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ сарф шавад. Фаҳмидӣ акнун мақсади сохтани китобхонаро Нақибзод?

1212
Душанбе-Хучанд
Рости ҳашт сол шуд дар як рӯз қариб, ки даҳ ва бист бор ба сомонаҳои гуногун ворид мешаваму мақолаву хабарҳоро мехонам, аммо якумин маротиба ин навиштаи Азизи Нақибзод хонда дилам тар шуд ва дар ҳақиқат таби дили ман буд ин мақола, чун ки ҳар бор бо дустонаму рафиқонам менишастем, доим ман болои ин мавзӯъ баҳс мекардам, мегуфтам барои мо ҳоло лозим набуд Китобхонаи миллӣ, Театири миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Чойхонаи миллӣ!!!!! Кани як бор як корхонаву фабрика созанд, ки мардуми бечора камтар ба муҳоҷират раваду дар зери дасти Рус кор накунаду ба ватани худаш кору фаъолият кунад. Мо дар ин вазъи иқтисодиамон ба мо чи лозим ин ҷойҳо??? Рости гапи бисёр як хар бор гуфтиян ... мехоҳам бинависаму якбора диламро тар кунам ...аммо ....

Ба муалиф --миллионҳо сомониро барои сохтани чойхона сарф шуд --- Ин Чойхона ё ки Кохи навруз чи зе набошад ХУСУСИ хаст - ШАХСИ,,, инро фахмида бад нависед,,,,,

Хама вакт ягон икдоми сохтани ягон иншоте дар Точикистон сарзанад садхо мукобилон пайдо мешаванд. Хамин мукобилон. мукобили сохтани ГЭСИ Рогун буданд.Мукобили. рохи охан. Мучасамаи Оли сомон, Китобхонаи Милли ... Ба гуфти шумо гирем хеч чиз сохтан даркор не Хама вакт гами ишкам мо камбагал мо балою батар. Осохтани Хамон иншоотхо барои мардум xjb кор нест?. Мо мехохем туризмро тараки дихем ба онхо чиро бояд нишон дод Хару гов? .. Хар давлате тараки намудани бошад бисозад.. "Точ махал"ро якбор ба ёд биёред.. Хар як иншоотхои бузург то 100солахо хизмат мекунад . Саёхон барои диданаш меоянд .. Факат гами ишкамро хурим хечгох аз by варта намебароим. Баъдан ба манбахои маблаггузорихояшро аввал хонандахоро шинос мекардед муалифи азиз ва гамхори миллат!!!

Кулябец
Ба Исмонхуча: Туризм мегуед? Гами шикам мегуед? ,, Нон бошад суруд хам мешавад " -- гуфта буд Брежнев. Чи даркор хамон китобхона, чойхона, театр? Вакте, ки 2 миллион гарибу дарбадаранд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)