Охирин мусофири “Дулан” аз зери тарма берун оварда шуд
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд мегӯяд, кормандони гуруҳи зудамал дар мавзеи ноҳияи Айнии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, ҷасади мусофири сеюми боркаши “Дулан”-ро аз зери тарма берун кардаанд.
Ин боркаш рӯзи 22 феврали соли равон дар мавзеи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ба чуқурии беш аз 300 метр сарозер шуд. Он вақт гуфта мешуд, дохили “Дулан” Абдураҳмон Солихӯҷаеви 57-сола ва бародарон -- Иномҷон Мирмуҳаммедови 50-сола ва Илҳомҷон Мирмуҳаммедови 48-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд қарор доштаанд.
Бо гузашти 21 рӯз ҷасади Абдураҳмон Солихӯҷаев аз зери тарма берун оварда шуд. Рӯзи 12 май Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд гуфт, ҷасади Иномҷон Мирмуҳаммедовро ҳам пайдо кардааст.
Абдумалик Абдуҳамидов, сардори гуруҳи зудамали бахши изтирории вилояти Суғд имрӯз, 15 май дар як тамоси телефонӣ аз ҷои ҳодиса изҳор дошт, “ҳоло ҷасади Илҳомҷон Мирмуҳаммедовро аз чуқурии ҳудуди 700 метр берун меоваранд”.
Ба иттилои расида, мошини “Дулан” ҳомили гази моеъ буда, афроди дохили он кормандони “Газпром”-и шаҳри Хуҷанд будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |