Боздошти “роҳзанҳои ниқобпуш” дар Нуробод
Вазортаи умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 ҷавони аз 23 то 25-сола хабар дод, ки дар роҳзанӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 14 май ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод се нафар – як ҷавони 27-сола, ноболиғони 17 ва 15-сола муроҷиат намуда, гуфтаанд, рӯзи 12 моҳи равон тахминан соати 24:00 дар ҳудуди чарогоҳи мавзеи “Беди-бошӣ” як гуруҳ шахсони ниқобпӯш онҳоро латту кӯб намудаанд: “Дар натиҷаи ин латту кӯб онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, афроди ниқобпӯш баъди латту кӯб бо истифодаи чӯбу таёқ аз онҳо як телефони мобилии тамғаи “Флай”, ки арзишаш 1000 сомонӣ будааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бо гузаронидани як амалиёт бо гумони анҷоми ин амал чор сокинони аз 23 то 25-солаи ноҳияи Нурободро дастгир кардаанд: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |