Бахшҳо
15 май 2015 08:50Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҷонибек Муродов: Намедонам чаро дар “рӯйхати сиёҳ”-ам

Ҷонибек Муродов, хонандаи саршиноси попи тоҷикро ба рӯйхати мамнӯъулвуруди мақомоти Русия шомил кардаанд.

Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” ин хабарро таъйид карда гуфт, беш аз як сол аст, ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надорад ва сабабҳои ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шудани номашро намедонад: “Мақомоти Русия далели онро шарҳ надодаанд”.

Ҷонибек мегӯяд, ӯро бештар ба маросимҳои хурсандии ҳамватанони муқими Русия даъват мекарданд ва дар санадҳояш мушкиле надошт: "Баъди он ки огоҳ шудам маро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд, ростӣ як андоза дилам монд. Аммо ба мақомоти на Русия ва на Тоҷикистон дар ин бора расман муроҷиат накардаам".

Дар мавриди мамнӯъулвурд шудани шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, ки барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд, хабарҳо зиёданд, аммо зоҳиран барои аввалин бор аст, ки мамнӯъулвуруд шудани як хонандаи шинохтаи Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29-уми майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шурӯъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.

Вай ду бор ба дарёфти ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрико шарафёб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон” ва соли 2011 “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуд.

Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сол”, соли 2008 ғолиби озмуни “Ситораи сол” шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи “Беҳтарин клип”-ро соҳиб гардид.
Мӯҳр
.
Консерт доди, налог насупурди.

Довуд
Як гап гум. Ман намефахмам хамин Чонибек кадом сурудаш хушоханг аст? Аз ягон сурудаш Шумоён бародарону хохарон магар истирохат мекунед? Лекин росташро гуед. Масалан ман хамин кадар сурудхоша гуш кардам ягон майда........Масалан як хофизи узбак номаш Шерали Чураев, номи писараш Шохчахон будаст. Тавсия додан гуш кардам. Рости хичия нафахмидам чи мегуяд, лекин дар клипаш созхои халки, кандакории кадом каср ва либосхои милии узбаки ва оханги ачоиби эстрадиро бо шашмаком синтез карда чой додаст. Мо чи, ин звездахо факат ким кадом духтарои нимбарахнаро дар Дубаю дигар чой сабт намуда акли чавонони хундорро парешон мекунанд.

Мо точикон одате дорем, ки доим тахкиру танкидро гоибона дуст медорему, мегуем у сарояндаи хуб нест, нависанда ё шоири хуб нест ё муаллими хуб несту ин китоби хуб нест хатто худ сохиби автомашинаи хуб нестему мегуем мошини гирифтаи у на он кадар хуб аст. Инро он афроде мегуянд, ки худашон дар чомеа ХЕЧ КАС нестанд. Ту хунарманди хуби мархамат хунари худатро дар чомеа нишон дех. Ман сад фоиз бо бовари мегуям, ки айни замон хам дар дохил ва хам дар дохил бар пояи (рейтинг) Чонибек ягон хунармани чавони эстрада нест.

Барои он туро намемонанд ки Амрико бисер сафар мени. Фикр менан, ки ала ту чосуси Амрико хасти.

муоиср
сурудхои чонибекро ман кабул намедорам. Лек суруди охирони гурухие, ки хонданд нагз буд. зинда бошад фонограмма барои сарояндагони имруза

Неки да Имруз нюз интервюи зур додай. Офарин, офарин, офарин....
Хамура мехони мефахми ки барои чи да руйхати сиёх рафтай.
Дар нисбати хофизои кучаги хакикати холро гуфтаст.
Шоу-бизнеси точиро бояд аз чирку ифлоси тоза кард...

Довуд
"Ромиш"
Ин ман Довуд. Туро барои бахси солим оид ба вазъи имрузаи эстрадаи точик даъват менамоям.

Ромиш хуба хуб меган, гандая ганда. Чи хел сафеда бо сиёх аралаш кунем. Танкиди солим дар хама замон ба пешрави мебарад. Фахмиди. Мо хунарманд нестем. Барои он, ки сахна чойи одамони сохибистеъдод аст. Мо корхои метавонистагимона пеш мебарем.

Мухочир
Бояд болода гох-гох ягон сафеди медоди ба руйхати сиёх намеафтиди!

Dev
Довуд,
Holo mushkili sari ohanghoyu hondani Jonibek nameravad. Mushkili sari one,ki yak hofizi tojikro yahudijon ba voridshavi ba Rusiya mone shudan.Mo hama yakjoya boyad sari in mushkiliho fikr kunem, na in ki ba sari hamdigar sangzani kunem. Ajab mardumi pastem mo tojikon, koramon furuhtani hamdigar, har barin lagadzanii hamdigar...bo in hol ba joe namerasem!

99
О бародар, Ҷонибек!
Наход то ҳол надони, ки ин русҳо агар тоҷике каме обрӯ дошта бошад, аз рашк мемуранд!!!

Умар
Дар ҳақиқат сурудҳои джони бекро бе клипаш гӯш карда намешавад...яъне сурудҳояш ХИТ нестанд.Ҳарчанд рафторҳои Шабнаму Фарзона маро маъқул нестанд,лекин сурудҳояшон таъсировар ва чувственни гуфти русҳо.Сурудҳои нигинаро низ гуш мекуни ба хаёлот дода меши аз джони бекро бе ягон эҳсосот.Сурудҳои падарашро низ дӯст дорам!

Хонанда
Озодагон дузд... ҳамеше аз дигар манбаҳо истифода бурда банбаи озодагон мегуяд...

Барри русия фарки надорад ту ки хасти нести онхо ба мансаб нигох надоранд.дар назди конун хама баробаранд.

муниса
Ман ин овозхони точикро хело меписандам ахсан бар шумо

Довуд
Nozimjon Samijonov

Дар Россия харчанд мухочирони бисёр кору фаъолият мекунанд, ва ба Точикистон маблаг мефиристанд, лекин Россия яке аз давлатхои коррумпированный мебошад, ки хама чи хариду фуруш мешавад.

Ба Dev

Аз кучо медони, ки яхудихо уро намемонанд то у ба Россия ворид шавад?
Охир хама яхудиёни бухоро, ва дигар яхудихое ки дар Америка ва Россия зиндаги мекунанд дустони Чонибек ва падари у Чурабек Муродов аст. Масалан Иосиф Кобзон дусти Чурабек Муродов. Наметавонад ба у як занг зада масъаларо хал кунад.
Дар масъалаи "ачаб мардуми пастем мо точикон", ки ту баён дошти, бояд зикр намоям, ки ин харфи ту ХАТОСТ. Набояд ин харфхоро гуфт. Ба хар хол точикони баномус хам бисёранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)