Ҷумъа, 28 Марта 2025
Нишони биринҷии Комроншоҳу Саидҷалол дар Кувайт
Ду паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё ҷои сеюмро касб намудаву медали биринҷиро ба гардан овехтанд.
Дар ин мусобиқа, ки 13 ва 14 май дар Кувайт баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 ва Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило мақоми сеюмро ишғол карданд.
Комроншоҳ дар ду рақобати аввал ҳарифонаш -- Муҳаммад Махтуб (Фаластин) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон)-ро шикаст дода, дар қисмати ниманиҳоӣ аз Даики Нишияма (Ҷопон) мағлуб шуд. Ба дунбол, қувваозмоӣ бо Хинзао Ченг (Чин)-ро ба нафъи худ анҷом дода, дар мақоми сеюм нишаст. Саидҷалол Саидов дар даври аввал Кай Ҳу (Чин)-ро мағлуб карда, дар даври дувум аз Максим Раков (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Баъдан Ҷавод Маҳҷуб (Эрон)-ро ноком гардонида, дар рақобатҳо барои ҷойи севум Рамзиддин Саидов (Узбакистон)-ро мағлуб сохт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё ба ҷуз Комроншоҳу Саидҷалол Тоҷикистонро панҷ варзишгари дигар намояндагӣ карданд, ки ба дарёфти медал мушарраф нагаштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |