Боздошти як марди 38-сола бо гумони куштори ҳамсараш бо корд
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд як марди 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар куштори завҷааш гумонбар дониста, боздошт кардааст.
Дафтари матбуотии ин ниҳод ба ozodagon.tj гуфт, ин бошандаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 12 майи соли равон, тахминан соатҳои 15:00, бар асари муноқишаи оилавӣ бо корд ду маротиба ба қафаси синаи занаш задаст: “Дар натиҷа, ин ҷавонзани 29-сола аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, феълан нисбат ба далели мазкур тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар 4 моҳи ахир дар қаламрави вилоят 16 ҳодисаи куштор ба қайд расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 як адад зиёд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |