Шикоят аз “рекорд”-и Кабиров ба ФФТ
Санаи 9 май, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд дар рӯзи таҷлили Иди Ғалаба, ҳангоме ки дастаи футболи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 ғалаба мекард, мутаассифона довари ин вохӯрӣ Насрулло Кабиров ба ивази 8 дақиқаи иловагӣ, 16 дақиқа бозиро нигоҳ дошт, то ки дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд голи ҷавобӣ бизанад ва дар футболи тоҷик рекорди миллӣ гузошт.
Бинобар ин, байни дастаҳои номбурда, дар марҳалаи 5-уми чемпионати Тоҷикистон ғолиби вохӯрӣ маълум нагашт, балки бо натиҷаи мусовӣ, яъне 1:1 ба интиҳо расид. Бояд таъкид кард, ки футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо туфайли саҳми Манучеҳр Ахмедов дар дақиқаи 15-уми вақти иловагӣ дастаи хешро аз мағлубият раҳо карданд.
Нахуст, хисоби 1:0 дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро пурра конеъ мекард, лекин илова бар ин, дастаи “Далерон-Уротеппа” бо дастаи пурқуввати ҷумҳурӣ, яъне “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар сафар қувваозмоӣ мекард. Дар ин холат, вақтро кашол додан, амали муқаррарӣ аст. Зеро, агар вохӯриҳоеро ба монанди “Барселона”-“Интер”, “Барселона”-“Челси”, “Реал Мадрид”-“Лион”, “Ливерпул”-“Арсенал” ба ёд орем, ҳатто аз бозии мо низ зиёдтар вақтро кашол додаанд. Аммо бештар аз 7-8 дақиқа зам нашудааст (Ливерпул-Арсенал).
Дар бозиҳои дигар камтар аз 8 дақиқа илова шудааст. Ҳангоми вохӯриҳо вазъиятҳои гуногун сар мезананд, масалан агар футболбозе ҷароҳати вазнин гирад ва мошини ёрии таъҷилӣ ба майдон ояд; ё худ агар дар байни футболбозон ҷангу ҷадали зиёд ба вуқӯъ ояд ва доварон роҳи ҳалли ин масъаларо наёбанд, пас кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба майдон медароянд. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит кардаанд, ки дар ҳолатҳои фавқуззикр одатан доварон 2-3 дақиқа илова мекунанд, аммо дар вохӯрии дастаҳои “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд довар ҳуқуқ надошт, ки бозиро 16 дақиқаи барзиёд нигоҳ дорад.
Ин рафтори Насрулло Кабиров хилофи оинномаи ФИФА, ФФО (Федератсияи футболи Осиё) ё ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) аст. Тибқи низомнома, ҳангоми лату шиканҷаи футболбозон довар бояд ҳадди ақал бозиро 2-3 дақиқа барзиёд нигоҳ медошт, вале вохӯрӣ ба ивази 8 дақиқаи иловагӣ, 16 дақиқа тӯл кашид. Аммо вақте мо ба футболи асри XXI назар афканем, чунин ҳодисаро дучор нахоҳем шуд. Зеро, дар тамоми гӯшаву канори олам, доварони футбол то ба ин ҳад амал намекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бозингари дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд - Манучеҳр Ахмедов пас аз ба сомон расонидани гол, ба сӯи нишастгоҳе, ки он ҷо мухлисони дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ҳузур доштанд, бо дастони худ имову ишораҳои таҳқиромез кард, ки боиси ранҷидани ҳазорон мухлиси дастаи “Далерон”-и шаҳри бостонии Истаравшан гардид.
Дар натиҷаи рафтори Насрулло Кабиров дар воситаҳои ахбори оммаи тоҷик, хусусан сомонаҳои интернетӣ (www.odnoklassniki.ru ва www.facebook.com) баҳсу муҳокимаҳо ва эътирози мухлисону мутахассисон падид омад. Зеро ин довар, ба вақти асосӣ 8 дақиқа илова карда, мутаассифона бозиро дар дақиқаи 16-ум қатъ кард. Албатта, пас аз чунин қарори нодуруст, ҳамагон дарк карданд, ки Насрулло Кабиров танҳо ҷиҳати кӯмак ва натиҷаи дилхоҳ, бозиро 8 дақиқа дертар боздошт, ки ба манфиати дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд буд.
Ҳамин тариқ, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо чӣ азобу машаққат, шиканҷаву меҳнати пуризтироб дар майдони худ вохӯриро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод ва соҳиби 1 хол гашт.
Бо навиштани сатрҳои болоӣ, ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки муносибати сарди довар - Насрулло Кабиров нисбат ба мусобиқаи варзишие, ки онро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қитъаҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо эҳтироми хоса қабул кардаанд ва дар ҳеч вохурӣ футболбозони мизбон мухлисони дастаи рақибро таҳқир намекунанд.
Аз ин лиҳоз, аз номи ҳайати дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва тамоми мухлисон ба камоли ихлос ва эҳтиром аз маъмурияти кормандони Федератсияи Футболи Тоҷикистон хоҳиш мекунем, то ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи матраҳшуда, ҳамаи ҷузъиёт ва куллиёти ин қазияро омўхта, нисбати довар - Насрулло Кабиров ва Манучеҳр Ахмедов чораи ҷиддӣ андешанд, зеро ин амали довар ҳушдор ба дастаҳои дигар аст, ки метавонад дар оянда такрор ёбад.
Умедҷон МАҚСУДОВ,
ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |