Пайдо шудани боз як ҷасад аз зери тарма дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”
Бахши ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд мегӯяд, кормандони гуруҳи зудамали он дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ ҷасади як нафарро аз зери тарма берун кардаанд.
Абдумалик Абдуҳамидов, сардори гуруҳи зудамали бахши изтирории вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Иномҷон Мирмуҳаммедов рӯзи 12 май пайдо шуда, ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади бародари ӯ -- Илҳомҷон Мирмуҳаммедов идома дорад.
Қаблан аз дарёфти ҷасади ҳамсафари дигари онҳо -- Абдураҳмон Солихӯҷаев аз зери тарма хабар расида буд. Солихӯҷиевро баъди 21 рӯзи зери тарма мондан пайдо карда буданд.
22 феврали соли равон, боркаши тамғаи “Дулан”, ки Абдураҳмон (соли таваллуд 1958), Иномҷон (соли таваллуд 1965) ва Илҳомҷон (соли таваллуд 1967), бошандагони шаҳри Хуҷанд савори он буданд, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ба чуқурии беш аз 300 метр сарозер шуд. Ба иттилои расида, ин мошин ҳомили гази моеъ будааст ва онҳо кормандони “Газпром”-и шаҳри Хуҷанд будаанд.
Манбаъ мегӯяд, феълан кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ ҳамроҳ бо аҳолӣ ба ҷустуҷӯйи ҷасади як нафари дигар идома медиҳанд.
Бино ба иттилои расмӣ, тайи 4 моҳи ахир бар асари тармафароӣ дар ин минтақа 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |