Шарҳи расмии “сарбурӣ”-и Ҳамдамов: Қазия сари дастархон шудааст...(ВИДЕО)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як навори видеоӣ қатли Комилҷон Ҳамдамов , муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Пушкини вилояти Маскав шарҳ дод. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз қавли муфаттиши парванда гуфт, “тибқи иттилои тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки ин ҳодиса ҳанӯз шаби 3 ба 4-уми май рух додааст. Ин ҳодиса ҷанбаи нажодпарастӣ надорад, зеро он ҳангоми майнӯшӣ сари як дастархон рух додааст ва ин сархӯшӣ бо куштори шаҳрванди Тоҷикистон анҷом ёфтаст”. Эгамзод хабарҳо дар мавриди он, ки гӯиё сари Ҳамдамовро аз тан ҷудо кардаанд, қатъиян рад намуд. Ӯ илова кард, Ҳамдамов бо афроде, ки ӯро ба қатл расондаанд, дар “элетричка” шинос шудааст ва худаш сари дастархон даъват намудааст: “Ҳам тафтишот ва ҳам кормандони мо, ки дар ҷои ҳодиса буданд, маълум карданд, ки дар пайи муноқиша сари дастархон нафаре, ки Ҳамдамов бо ӯ дар элктричка шинос шудааст, бо “отвертка” ба гардани муҳоҷири тоҷик мезананд ва пас он бо корд боз чанд зарбаи дигар мезананд. Аммо ин қазия аслан ҷанбаи нажодпарастӣ надорад”. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон иддаои онро, ки гӯиё бародари Комилҷони марҳум, Улуғбек Ҳамдамов ро дар сафорат қабул накардаанд, беасос хонд, чун боре ҳам муроҷиат накардааст. Сафорат инчунин навори суҳбати Улуғбек Ҳамдамовро ироа намудааст, ки мегӯяд, чанд бор бародари марҳумашро насиҳат карда буд, ки аз арақнӯшӣ даст кашад. Дар ниҳоят Муҳаммад Эгамзод аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даъват намуд, ки дар интихоби ҷои зист ва рафиқу шиносҳо эхтиёткор бошанд ва агар мушкилие рух дод, пеш аз ҳама ба намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия-сафорат муроҷиат кунанд. ВИДЕОИ шарҳи расмии сафорат дар бораи марги Комилҷон Ҳамдамов: VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30