Бахшҳо

Масъули Кумитаи дин: Ба дастандаркоронатон гӯед, аз бӯҳтон нисбат ба Тоҷикистон даст кашанд

Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, яке аз марҷаъҳои тақлид дар Эрон хостааст, ба умури дохилии кишвар дахолат накунад.

Ин масъули Кумитаи дин паёми Шерозиро, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ба мақомоти давлатӣ бигӯяд, то “мардумро ба ҳоли худ гузоранд” авомфиребона ва шитобзадагӣ хондааст. Ба гуфтаи Юсуфов, ин марҷаи тақлиди Эрон дар ҳоле ба ҳимоят аз диндорони тоҷикистонӣ садо баланд кардааст, ки дар Тоҷикистон қонуне ба тавсиб нарасидааст, ки пӯшиши мардумро аз рӯи эътиқодаш манъ карда бошад: “Тавсияи Президенти кишвар ба хотири ҳифзи арзишҳои миллии сунатии тоҷикон аст. Агар чунин қонуне бошад, аз Оятуллоҳи мӯҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки кори хайре кунеду ба дастандаркоронатон гӯед, то онро ба мо - шаҳрвандони Тоҷикистон нишон диҳанд ва ё аз бӯҳтон задан нисбат ба Тоҷикистон даст кашанд”.

Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид таъкид кардааст, низоми демократие, ки дар Тоҷикистон мебошад, тавонистааст, миёни пайравони андешаҳои гуногун ҳамзистию таҳаммулпазироро таъмин кунад ва аз ин рӯ, хуб мешуд, агар “дар қабул намудани ҳар гуна хабар аз рӯи манҳаҷи Қуръон амал мекард, ки мефармояд: "Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, мабодо ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, аз он чи амал кардаед, пушаймон шавед!”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 6). Вале мебинем, ки ин манҳаҷ риоя намегардад”.

Юсуфов афзудааст, маҳз нооромии кишварҳои исломию арабнишин ва бесарусомониҳои минтақа дар пайи дархостҳои ин гуна, ки “Мардумро ба ҳоли худ гузоред!” ба миён омада, беҳтар буд, агар ин марҷаи тақлиди Эрон аз дахолат ба умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди “ҳамлаи густурдаи иттилоотӣ” қарор дорад, худдорӣ мекард: “Оятуллоҳи мӯҳтарамро авлотар ин аст, ки ба ҷои тарвиҷ намудани хабарҳои нодуруст ва муғризонае ҳамчун олим аз пайи иҷрои рисолати илмии худ бошад. Зеро ҳама дарк карда истодаанд, ки дахолат кардан дар корҳои дохилии кишвари дигар ва таҳмили андешаи муайян ба зарари ҳамагон анҷом ёфта истодааст”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот ба паёми Шерозӣ посух гуфтаанд.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ахиран дар масҷиди аъзами Қум аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба мақомоти Тоҷикистон дастур диҳад, то “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Шерозӣ гуфта буд, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд. Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест”.
Мӯҳр
Довуд
Биёед монед, Кормандони кумита худатонро шарманда накунед бо чавобхои "боаклонаатон". Дахони пушида 100 тилло

Э вой
Мутаассифона мухтарам Абдугаффор ако бо даназардошти тачрибаи хирсона ва манфиатона дар Кумитаи дин хангоми фаъолият , Шумобарин ба ном кормандони ( беэътимод)и вазорату кумитахо сиесати шабонарузии Рохбари гамгори мо Эмомали Рахмон зери тозиена е эроди дигар шахсиятхои бегона мегардад. Боз шумо вокуниш нишон медихед, шумо аввал худатонро бо саркардагонатон аз чумла собик Раис, Ализода, Мукаррам ислох кунед ин хама натичахо ва накшахои манфиатонаи шумо мебошад. Шуморо садкаи номи Рохбари Давлат кунад

Каблан шумо Висоли Хакро мегуфтед холо бошад уамои ахли Ташауъро Хукуки башар Авфи байналмилали Озодии диннии хукумати Амрико ва дигархоро чи мегуед шарм кунед то кай хатто мардуми Чахонро фиреб мекунед?

Кумитаи дин
Чавоб ба Довуд,
Худуш созай

Kumitai afandi
O in kadar dalilu asos va zaboni daroz ki dored marhamat VISOLI HAK ba zang zada isbot kuned ki shumoro durust fahman. Medoned ki az varak sado nabaroyad navishtan megired. SHARMADAho. Ozodagon chand ruz pai ham chop nakadii. SHER bosh

Muhojir
Бале конуни ошкоре дар когаз содир нашуд то ба хол . вале агар вокуниши халку мардуми мусалмон намешуд хатман конуне содир мешуд . аз чунин сиёсатбозихо дар асри- 21 то мактабхонхои синфхои 3 огоханд .

Мухочир
Бо ин кадар исломситези вичдони шумо чихел ичозат медихад барои сухан гуфтан? Оятуллохи макорими шерозиро дилаш ба ислом сухта ба чаноби оли нома фиристодааст ба шумоён не бигузор чаноби оли чавоб гардонад! Охир чаноби оли аз чумлаи 500-нафар бехтарин мусалмони чахон астку?

Бо ин кадар исломситези вичдони шумо чихел ичозат медихад барои сухан гуфтан? Оятуллохи макорими шерозиро дилаш ба ислом сухта ба чаноби оли нома фиристодааст ба шумоён не бигузор чаноби оли чавоб гардонад! Охир чаноби оли аз чумлаи 500-нафар бехтарин мусалмони чахон астку?

ман сад фоиз тарафдори хамин позиция хастам. дахолат накнан ба корои мо

Ахсанат бод, Абдугафор! Чонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат зиёд аст!Агар корманди ниходе сухани точикиро нафахмида ба чои салла каларо овард, фардои растохез чавобашро худаш медихад. Хар касу нокасе ба корхои мо дахолат кунад, холамон ба мисли Афгонистону Сурияю Ирок мешавад!

Довуд
Ба "Кумитаи дин"

Йынды худуш чи гапай

Мухаммад
Ин оятуллохи Эрони нагуфтааст ки конуне дар ин бора баромадааст. Балки гуфтааст ки баъди суханронии "тунди" Президент дар арафаи 8 март ки хичобро арзиши гайри милли эълон кард, хамма мансабдорон ба мукобили хичоб ва риш хучум сар карданд. Хамчунин ба мукобили куртау эзори афгони ва араби барои мардхо. Милисияхо аз дуконхои бозорхо ин либосхоро чамъовари намуданд. Магар хаммаи ин дуруг аст. Ин оятулло гуфтааст ки шаххои Эрон Ризохон ва писараш Мухаммадризо ин корро дар Эрон карданд, вале ба максад нарасиданд. Зеро мардум муковимат кард. Окибати ин ду шох- писару падар чи шуд медонед. Аввали фирор кард, ягон кишвари аврупои ва Америка уро сарпанох надод, дар Шриланка зиндаги карда хамончо мурд, хамончо хок шуд. 2 метр замини Эрон барояш насб накард. Баъд Амрико ва Англия писарашро аз тарики перевароти харбихо а кудрат оварданд. Писар низ шояд бо пешниходи хочахояш бо рохи падараш рафт. Мубориза зидди ислом. Конун кабул кард ки номхои араби чоиз нест. Мардум ду нома шуданд. Дар хона, назди хешу табор, дар махалла номаш Мухаммад, Али,Хусайну Хасан, Фотима Захро, дар хуччат Сиевуш, Кова Манучехр, хуршед, Рудоба ва гайра... Окибати ин шох низ соли 1979 баъди 25 соли подшохи боз фирор ин дафъа аз инкилоби исломии Хумайни. Амрико рафт, Эрон ба Амрико фишор овард, америка мачбур шуд Шохро аз Амрико хорич кунад. Ягон кишвари аврупои кабулаш накарданд. Аз Миср президенташ Анвар Содот буд, маошхури Амрико кабулаш кард. Баъди чанд сол дар Миср мурд. Мисли падараш дар Эрон 2 метр замин барояшон ефт нашуд. Хол он ки худро вориси Эрони бостону Курушикабир мехисобиданд.

Абдулло
Ба Саид Шумо мегуед "Агар корманди ниходе сухани точикиро нафахмида ба чои салла каларо овард, фардои растохез чавобашро худаш медихад" ин ниҳодҳо намояндагони ҳукумат ҳастанд ва ҳар кореро, ки мекунанд бояд аввал фикр кунанд "ҳафт бор чен кун ва як бор бибур" пас ба ҷои калла оварданашон узр пурсанд ва ҷубронашонро бипардозанд. Ин аст адолати ҳақиқӣ ва ин аст озодӣ!!!!

мадюн
Дикат! Дикат! Дикат! Кумитаи дин рекорд нишон доданист Офтобро бо доман пушониданист!

Муҳтарам Масъулони Кумитаи Дин!!
аз шумо хоҳиш дорем ба думи Шер бозӣ накунед!
Оятуллоҳ Макорими шерозӣ ба Ҷаноби оли як насиҳат карданд, на инки дахолат!
вазифаи тамоми уламо аст ки вақте бибинанд дар ҳарҷои дунё ба муқаддасоти исломи бееҳтиромӣ мешавад, вазифа аст ки садо бардоранд.
ин чи тарзи суҳбат кардан аст ки мегуэд дахолат накунед?? магар Эрон набуд ки баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон аввалин кишвар Тоҷикистон ро ба расмият шинохта сафорати худро дар ТҶК бино ниҳод?
оё фаромуш кардаед ки мо бо Эрон пешинаи таърихӣ дар соҳаи илму адабу фархангу забону дин дорем?
шумо мегуед ин гапҳо дуруғ аст! магар намебинед кормандони милитсия ба ҳиҷоби расмии милли занони мо дар бозорҳо чигуна амал мекунанд? фикр мекунед Оятуллоҳ Шерозӣ бе ҷӯстуҷӯ ва таҳқиқ ин паём ро ба Ҷаноб фиристод???
аз хиҷоб бигзарем, асосан дар донишгоҳҳо ва мактабҳо ба руймоли духтарон чи гуна амал мекунанд? боз ҳам бигуям??
Худоро шукр кунед Ҳазрати Оятуллоҳ аз риштарошитон хеле бо хабар нест вагарна ин паём ва мактуби ешон дигархел мешуд.
ман ҳамчун шаҳрванди ТҶК паёми марчаъи Эрони ро бо он азамате ки дорад ва дар Ҷаҳони Ислом шинохта шудааст, хондам ва дидам ки Ҷаноби олӣ ро муҳтарам гуфта хитоб кардааст аммо мутаассифона баъзе мақомоти мо ки саводи динӣ надоран ба ин шахсият тавҳин карданд.
Паёми Оятуллоҳ Шерозӣ ҳушдорест барои касоне ки бо дини мардум бозӣ мекунанд!!! ин дахолат нест, балки ҳушдор аст!!
Ҷумҳурии Исломии Эрон вазифадори ҳимояи ислом ва миллатҳои мазлум дар дунё аст, бале ба чашм мебинед ва мебинем ки тамоми Ғарб як порча бо бархе аз кишаварҳои Арабии Ховари Миёна ки муздурони Ғарбиҳо хастанд, мехоханд ин кишвари Исломи ро ба зону дароваранд, аммо Ин кишвар накшаи бади онхоро ба гурашон фиристода истодааст! барои чи? Гунохи Эрон чи аст? Гунохи Эрон хамин иззатдиҳии мусулмонҳо ва пуштибонии ислом ва мусулмонҳо аст!
саломат бошед.

Агар вокеан идиъо мекунед ки барои арзишхои миллии сунатии точикистон аст, пас чаро мини-юпкохоро ва либоси аврупоиро дар баробари хичоб ва пушишхои ба гуфти шумо "араби ва турки" дар корхона ва донишгоху мактабхо маьн намекунед, то хама бо либоси милли ба кору дарс биёянд??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)