Муқоисаи артишҳо: Тоҷикистон 37 танк, Узбакистон-420 танк дорад...
Пойгоҳи таҳлилии ҳарбии “Global Firepower” тавоноии артиши 126 кишвари дунёро дар соли 2015 раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷойи 81-ум қарор додааст, ки аз миёни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пештар аст.
Ба ҳисоби ин пойгоҳ, нерӯмандтарин артишро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Узбакистон дорад, ки бо 420 танк, 715 зиреҳпӯш, 69 ҳавопаймои ҷангандаи раҳгир, 89 ҳавопаймои ҳамлавар (штурмовик) дар ҷойи 54-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон ба иттилои “Global Firepower” 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 25 тайёраи низомӣ, 4 ҳавопаймои омӯзишӣ, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи низомӣ дорад.
“Global Firepower” буҷаи низомии солонаи Тоҷикистонро 75 миллион доллар арзёбӣ карда, низомиёни фаъоли хатти пеши кишварро 6 ҳазор нафар гуфтааст.
Ин дар ҳолест, ки буҷаи солонаи низомии Қазоқистон 2 миллиарду 435 миллион долларро ташкил дода, ба иттилои пойгоҳи “Global Firepower” 110 ҳазор низомӣ, 300 танк, 1613 зиреҳпӯш ва 233 адад техникаи ҳавоӣ дорад.
Тибқи ин раддабандӣ, аз миёни кишварҳои ИДМ артиши Русия дар ҷаҳон дар ҷои дуюм, Украина-25, Белорус-45, Узбакистон-54, Озарбойҷон-63, Арманистон-74, Гурҷистон-75, Қирғизистон-78, Тоҷикистон-81 ва Туркманистон дар ҷои 90-ум қарор дорад.
Ба сегонаи аввал ИМА, Русия, Чин ва ба сегонаи охир Малӣ, Мозамбик ва Сомалӣ ворид шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |