«Ӯзбак» не ӯзбек бояд бошад
Ба гуфтаи Ҷонӣ, дар миёни журналистон ҳангоми пайгирии мавзӯъ низ камбудиҳо ба назар мерасад, ки бархеаш ҳукм бароварда аз доираи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ берун мешаванд. «Бархе аз хабарнигорон бо як нафар коршинос сӯҳбат мекунад, вале дар маводаш аксари коршиносон ба чунин назаранд гуфта менависанд, ки набояд чунин бошад. Гузашта аз ин мафҳуми узбак дар матбуот зиёд ба назар мерасад. Дар ин шакл ном бурдани як миллати дигар хатост ва онҳое, ки ҳамин гуна ҳарф мезананд инро бояд бубинанд, ки дар вазорати корҳои хориҷа ва ниҳодҳои марбут ин калима чӣ гуна номнавис шудааст, ҳамон тавр истифода баранд. Вақте аз дастовардҳои кишвар ҳарф мезанем, набояд танҳо саҳми миллати тоҷик дар он ҷо гуфта шавад, балки саҳми тоҷикистониён гуфта ном баранд, зеро дар кишвари мо миллатҳои зиёд аз қабили русҳо ва узбекҳо низ кору фаъолият доранд, яъне онҳо низ дар ин ҷо саҳм доранд».
Маҳалгароӣ ва ормонҳои миллӣ
Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманонов, котиби масъули агентии иттилоотии «Ховар» ва собиқ муовини аввали райиси кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, вақте телевизионҳо давлатианду аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд аз ҳамин сабаб онҳо сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Номбурда омили маҳалгароиро дар ВАО-и кишвар тасдиқ намуд ва далел овард, ки «дар як мақолаи Толибшоҳи Сайидзода, ки номаш дар ёдам нест, маҳалгароӣ дида мешуд…»
Нуриддин Қаршибоев, раиси ассотсиатсияи миллии ВАО (НАНСМИТ), бошад бар ин назар аст, ки воқеан ҳам дар амалияи имрӯзаи мақомотҳои давлатӣ дида мешавад, ки телевизионҳо сиёсати онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, вале дар асл набояд чунин шавад, зеро «телевизинҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва ин пули давлат пули мардум аст, ки аз ҳисоби андоз ҷамъ мешавад, бинобар ин расонаҳои давлатӣ на танҳо сиёсати ҳукумат, балки бояд ба манфиати мардум ва амалӣ гардонидани ормонҳои миллат кор кунанд. Азбаски телевизионҳои давлатӣ тарғиби сиёсати ҳукуматро шиори худ кардаанд, бинобар ин дар онҳо гуногунандешӣ низ ба назар намерасад".{jathumbnail off}
Алишер Зарифӣ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |