Раёсати Шӯрои намояндагони доими МФ ЭКО ба Тоҷикистон вогузор шуд
Дар 19-умин ҷаласаи Шӯрои намояндагони доими давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), ки 11 майи соли равон дар шаҳри Кошони Эрон баргузор гардид, раёсати ин ҷаласа ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд. Дар ин бора ба "Озодагон" Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО хабар дод.
Ба иттилои ӯ, Неъматулло Эмомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи кишвари Тоҷикистон дар СҲИ (ЭКО) ва Муассисаи фарҳангии ЭКО барои 2 соли оянда раиси ин Шӯро хоҳад буд.
Муассисаи фарҳангии ЭКО як ниҳоди байналмилалӣ аст, ки ҳадафи он тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Теҳрон мебошад. Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон узви аслии Муассисаи фарҳангии ЭКО мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |