Вокуниш ба “Озодагон”: Милитсия тарафдор ва пуштибони касе нест
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба хабари “Шикояти аъзои ҲНИТ: Гуфтанд аз ҳизб баро баъд дуздии хонаат тафтиш мешавад”, вокуниш нишон додааст. Дар ин хабар бо такя ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ гуфта мешуд, маъмурини пулис дар шимоли кишвар ба Шоирахон Юнусова, сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара гуфтаанд, замоне ба таҳқиқи дуздии манзилаш мепардозанд, ки аз сафи ин ҳизб берун шавад. Дар вокуниши РУД-и Суғд гуфта мешавад, муроҷиати Шоирахон Юнусова бе баррасӣ намонда, вобаста ба он маводи тафтишотӣ ба расмият дароварда шудааст: “Айни замон бинобар гузаштани муҳлати тафтишот ва аниқ нагардидани шахсони ҷинояти мазкурро содирнамуда парвандаи ҷиноятии мазкур дар асоси талаботҳои моддаи 230 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ боздошта шудааст”.
Вокуниши Раёсати умури дохилии вилояти Суғд инҷо нашр мешавад:
“Милитсия тарафдор ва пуштибони касе нест - Ҳама дар назди қонун баробаранд!
Муҳтавои дар маводи иттилоотии сомонаи интернетии “Озодагон” инъикос гардида ин аст, ки як нафар узви ҲНИТ дар шаҳри Исфара, шаҳрванд Шоирахон Юнусова ба Шуъбаи 2-и ВКД дар шаҳри Исфара бо ариза оиди дуздии амволи хонааш муроҷиат намудааст. Муаллиф бо истинод аз дафтари матбуоти ҲНИТ ва иктибос аз суханони шахрванд Юнусова зикр намудааст, ки кормандони милитсия ба шаҳрванд Шоирахон Юнусова гуфтаанд, замоне ба тафтиши ҳодиса мепардозанд, ки аз сафи ҳизб хориҷ шавад.
Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама муаллиф ҳодисаи мазкурро яктарафа аз рӯи нишондоди шаҳрванд Ш.Юнусова инъикос намуда, аз тарафи дигар, яъне мақомоти милитсия ягон иттилоъеро оиди маводи мазкур дарҷ накардааст. Бо овардани далели нокомил муаллиф кушиш кардааст чунин бархурдро ба мавқеъи сиёсии шахрванд Юнусова Ш, ки аъзои ҲНИТ дар шаҳри Исфара мебошад, нисбат дода, дар ин замина ҳодисаи мазкурро тобиши сиёсӣ диҳад.
Пеш аз интишори ин матлаб хабарнигори сомонаи интернетии «Озодагон» мебоист танҳо ба изҳороти баённамудаи дафтари матбуоти ҲНИТ ва шаҳрванд Ш. Юнусова қаноат накарда, бо гирифтани маълумотхои марбута аз мақомоти дахлдор ҳолати ҳодисаро воқеъбинона баррасӣ менамуд ва маводи таҳиянамудааш мукаммал мегардид. Муаллиф дар ин матлаб дар симои кормандони милитсия шахси «маҳдудкунандаи ҳуқуқҳои» шаҳрвандон, хоса аъзоёни ҲНИТ-ро нишон додааст, ки ингуна андешарониҳои ҳангомаҷӯёна асоси вокеъӣ надоранд, чунки;
-Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, таҳсил, мавқеъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳимоя мекунад. (Моддаи 5-и Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” ).
Бобати далелҳои дар хабаргузории “Озодагон” ишорашуда роҳбарияти мақомоти милитсияи вилояти Суғд санҷиши хизматӣ гузарониданд. Дар рафти санҷиш муайян карда шудааст, ки муроҷиати шаҳрванд Юнусова Ш.В, бе баррасӣ намонда вобаста ба он маводҳои тафтишотӣ ба расмият дароварда шудааст. Холати мазкур на хамчун далели дуздӣ балки бо дастрасии талаботҳои моддаи 255 Кодекси Ҷиноятӣ «Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк» ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Ба маълумоти таҳиягарони маводи иттилоотӣ мерасонем, ки моҳи сентябри соли 2014 шахсони номаълум бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулк, аз набудани соҳибони хона истифода бурда ба ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Юнусова Шоира Воҳидовна воқеъ дар суроғаи ноҳияи Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух, кучаи Бобо Мусоев хонаи №111 ғайриқонунӣ ворид шуда, қасдан дар яке аз ҳуҷраҳо кӯрпаву болишт ва сару либосҳоро даронида корношоям сохта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бо ин кирдорашон шахсони номаълум ба шаҳрванд Юнусова Ш.В., 1000 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. Дар асоси муроҷиати ҷабрдида далелҳои дар боло нишондодашуда аз тарафи кормандони Шуъбаи-2 ВКД дар шаҳри Исфара ба расмият дароварда шуда бо назардошти он, ки дар кирдорҳои шахсони номаълум аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешуд бо моддаи 255 Кодекси Ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон яъне «Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк» нисбати шахсони номаълум парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон бинобар гузаштани мӯҳлати тафтишот ва аниқ нагардидани шахсони ҷинояти мазкурро содирнамуда парвандаи ҷиноятии мазкур дар асоси талаботҳои моддаи 230 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ боздошта шудааст.
Бояд гуфт ки на дар ҳама ҳолатҳо ҷиноятҳои содиршуда бо “изи гарм” кушода мешаванд, дар баъзан маврид барои ошкор гардидани ҷиноят мӯҳлат зарур аст, ки ҷиноят ошкор шавад. Мо итминон дорем, ки дар заминаи коркарди ахбороти оперативӣ ва бо амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти мазкур кушода шуда, манфиатҳои поймолшудаи ҷабрдида Шоира Юнусова барқарор карда мешаванд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |