Шанбе, 29 Марта 2025
Дар Филармония аз 15-солагии Рӯзи Шашмақом ҷашн мегиранд
Асри имрӯз, 13 май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ҷашние бахшида ба 15-солагии Рӯзи Шашмақом баргузор мешавад.
Аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ба “Озодагон” гуфтанд, дар ин консерт ба ҷуз ҳунармандони ансамбли “Шашмақом”-и филармония ҳунармандони ансамбли давлатии “Шашмақом” низ ширкат меварзанд.
Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 1999 таҷлил мешавад ва ЮНЕСКО Шашмақомро ба номгӯи ёдгориҳои ҳунарии шифоҳии ҷаҳон шомил кардааст.
Дирӯз, 12 май дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти идонае бахшида ба Рӯзи Шамақом бо иштироки Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |