Боздошти зане, ки “падаршаванда”-ҳои фарзандашро таҳдид мекардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 26-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ВУД, ин сокини Душанберо 12 май дар пайи шикояти чанд нафар дастгир кардаанд. Манбаъ мегӯяд, муайян шуд, боздоштшуда тахминан аз соли 2012 то инҷониб бо якчанд мард шиносоӣ пайдо намуда, “муддате муносибатҳои маҳрамона намуда, дар давоми шиносоӣ ҳомиладор мегардад. Баъди фарзанд таваллуд намудан, ба тамаъҷӯӣ гузашта бо роҳи таҳдиди бе обрӯ сохтан аз “падаршавандаҳо”-и фарзандаш аввал хона талаб карда, сипас маблағи пулӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, гумонбаршуда бо ин роҳ аз як марди 46-солаи Русия, сокини вилояти Смоленск 6000 доллар, аз сокинони шаҳри Душанбе, марди 39-сола 3000 доллар ва аз марди 35-сола 500 доллар гирифтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |