Беш аз 14 ҳазор ҷаримаи як сокини Душанбе барои “азхудкунӣ”-и сабукрави “ВАЗ 21-07”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе О.Х., як сокини кишварро барои аз роҳи фиреб азхудкунии автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-07”, ки 3042 сомонӣ арзиш дошта, 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ин додгоҳ, О.Х. тибқи моддаи 247 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор эълон шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ӯ рӯзи 15 ноябри соли 2014 ба боварии Муродов Нахтулло Саидович медарояд ва сабукравашро 600 доллар нархгузорӣ карда, гуфтааст, дар муддати 15 шабонарӯз маблағро медиҳад: “Аммо бо гузашти 15 рӯз бидуни пардохти маблағ автомашинаи мазкурро бе иҷозати соҳибмулк Муродов бар ивази 600 доллар ва 300 сомонӣ ба ба шаҳрванд Фозилов Фазлидин фурӯхтааст. О.Х. ба шаҳрванд Муродов Нахтулло зарари ҷидди моддӣ расонидан бар асоси моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 14600 (чордаҳ ҳазору шашсад) сомонӣ ва бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |